Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУХРАИ ҲАРИЁН

СУХРАИ ҲАРИЁН

СУХРАИ ҲАРИЁН Сухраи Сисимитр, қалъаи кӯҳиест дар Парстакан. Тахмин мекунанд, ки Сухраи Ҳариён дар соҳили дари Вахш, атрофи шаҳри Норак воқеъ буд. Сухраи Ҳариён қалъаи дастнорас ва бо ҷариҳо иҳотагардида тасвир шудааст. Қуллаи сухра ҳамвор ва бо хоки ҳосилхез пӯшида будааст. Аз он ба атроф мурчол (роҳи зеризаминӣ) мерафт. Искандари Мақдунӣ Сухраи Ҳариёнро баҳори соли 327 то мелод ба муҳосира гирифт ва ҳокими қалъа Ҳариён ё худ Сисимитр бо ташвиқоти намояндаи Искандар — Оксиарт ихтиёрӣ таслим шуд. Мувофиқи баъзе маълумот дар ҳамин ҷо тӯи арӯсии Искандар бо Рухшона барпо гардида будааст. И. В. Пянков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …