Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СУҒУРТА

СУҒУРТА

СУҒУРТА, маҷмӯи чорабиниҳо барои ба вуҷуд овардани фонди пулӣ (суғуртавӣ) аст, ки аз ҳисоби он вақти рӯй додани офати табиӣ, фалокат, ҳодисаи ногаҳонӣ ва дигар воқеаҳои нохуш тавони зарари расида ва дигар маблағҳои пулӣ пардохта мешавад. Он ба Суғуртаи молу мулк (масалан, иморат, киштукор, ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, молу амволи хона, воситаи нақлиёт) ва шахсӣ (Суғуртаи умр, саломатӣ ва қобилияти меҳнат) тақсим мешавад. Дар СССР Суғуртаи давлатӣ навъи сифатан нави Суғуртаи ҷамъиятию таърихӣ мебошад, ки дар натиҷаи милликунонии он ба вуҷуд омадааст. Роҳбарияти умумии корҳои Суғурта ба ӯҳдаи Вазорати моллии СССР гузошта шудааст.

sughurta

Тартиб ва шартҳои суғурта шакл ва намуди он тавассути қонунгузории Иттифоқи РСС муайян карда мешавад. Шаклҳои алоҳидаи Суғуртаро қоида ва дастуруламалҳои аз тарафи Вазорати молияи СССР тасдиқшуда ба тартиб медарорад. Қонунгузории республикаҳои иттифоқӣ масъалаҳоеро ҳал мекунад, ки қонунгузории СССР ба ихтиёри онҳо гузоштааст. Суғурта ҳатмӣ ва ихтиёрӣ мешавад. Суғурташаванда ӯҳдадор мешавд, ки ба ташкилоти Суғуртаи давлатӣ суғуртапулии муқарраршударо супорад. Ташкилоти Суғуртаи давлатӣ, дар навбати худ, вазифадбр аст, ки ҳангоми рӯй додани ҳодисаи нохуш товони сутуртавӣ (дар Суғуртаи молу мулк) ва маблағи суғурта (дар Суғуртаи шахсӣ)-ро диҳад.

Намудҳои муайяни молу мулки колхозҳо ва корхонаҳои байниколхозӣ (масалан, ҳосили зироати хоҷагии қишлоқ, чорво, мурғи хонагӣ, бино, иншоот, воситаҳои нақлиёт) ва гражданҳо (масалан, хона, гов) бояд ҳатман Суғурта шаванд. Дар қонун феҳристи муфассали ҳодисаҳо дода шудааст, ки зарурати Суғурта шудани молу мулкро пешбинӣ мекунад. Маблағи товони суғуртаро қонун пешакӣ муайян мекунад. Шартномаи Суғурта дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, дар шаҳодатномаи суғуртавии Суғуртаи давлатӣ, квитансия ва ё ҳуҷҷати суғурта дарҷ мегардад ва он ҳукми қонун пайдо мекунад.

Суғуртаи шахсии ҳатмӣ (барои аз фалокат ва дигар ҳодисаҳои нохуш) бо мусофирони роҳи оҳан, роҳҳоил обӣ (ба ғайр аз роҳҳои атрофи шаҳр), нақлиёти ҳавоӣ ва автомобилии истифодаи умумӣ (ба ғайр аз роҳҳои вилоят ва республикаҳое, ки тақсимоти вилоятӣ надоранд, роҳҳои республикавӣ) баста мешавад.

Дар суғуртаи шахсии ихтиёрӣ ҳаёт ва саломатии одамон Суғурта карда мешавад. Ҳангоми бастани шартномаи Суғуртаи шахсӣ синну соли гражданҳо, саломатии онҳо ва ғайра баназар гирифта мешавад. Шартномаи Суғуртаи шахсии ихтиёрӣ шаклҳои гуногун дорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …