Маълумоти охирин

СУҒУР

sughur

СУҒУР (Маrmоtа), суғар, усғар, усғур, ҷонварест сурхчамӯй аз ҷинси хояндаҳо. Дарозии танашто 60 см ва думаш то 30 см. 15 намудаш дар дашту (ғайр аз биёбону тундра) кӯҳҳои Нимкураи шимолӣ то баландии 4800 м аз сатҳи баҳр паҳн шудааст. Дар СССР 6, аз ҷумла дар Тоҷикистон 2 намудаш Суғури сурх ва Суғури Менэбир) зиндагӣ мекунад. Суғури сурх (М. саudаtа) ҷонвари мавзеъҳои баландкуҳи Тоҷикистон аст. Дарозии танаш 45—60 ом. Гурӯҳгурӯҳ зиндагӣ мекунанд. Дар чуқурии 2—4 м хона месозад. Суғури Мензбир (М. menzbieri) дар теппаҳои Оқтош ва Яхшибои қаторкӯҳҳои Қурама маскун аст. Дарозии танаш 45—50 см. Дар охирҳои моҳи май 2—4 бача мезояд. Суғури Мензбир ҳайвони нодир буда, ба «Китоби сурх» дохил шудааст. Хӯроки Суғур растанӣ ва баъзан ҳашарот мебошад. Тирамоҳ пеш аз хобизимистонӣ дар баданаш 22—28% равған ҷамъ мешавад. Бештари намудҳои Суғур ҳомилони табиии ангезандаи тоунанд.

Г. С. Давыдов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …