Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУҒОНИИ УСТУРЛОБӢ Аҳмад ибни Муҳаммад

СУҒОНИИ УСТУРЛОБӢ Аҳмад ибни Муҳаммад

СУҒОНИИ УСТУРЛОБӢ Аҳмад ибни Муҳаммад (соли таваллуд номаълум — вафот тақрибан 990), олими маъруфи форс-тоҷик. Аслан аз Сугон — яке аз деҳаҳои Марворуд (дар Хуросон) буда, қисми асосии ҳаёташ дар Бағдод гузаштааст. Ҳамчун астроном, математик ва ихтироъкори асбобҳои астрономӣ шӯҳрат пайдо карда, дар мадрасаҳои Бағдод оид ба илмҳои дақиқ дарс гуфтааст. Дар давраи ҳукмронии Шарафуддавла (писари Азудуддавлаи Дайламӣ) дар Бағдод расадхонае бино намудааст ва ҳамроҳи шогирдаш Абӯсаҳли Кӯҳӣ солҳои 980— 989 ҷирмҳои осмониро мушоҳида намуда, арзи ҷугрофии Бағдод ва майли эклиптикаро нисбатан саҳеҳмуайян намудааст, ки аз қимати асли танҳо 44″ фарқ мекарду халос (барои соли 985; 23о35′).

Осори илмии Суғонии Устурлобӣ ба соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ оид буда, мутаассифона аксарияти онҳо то замони мо нарасидаанд. Аз рисолаҳоиСуғонии Устурлобӣ «Тахтит-ул-устурлоб» («Хатоҳои устурлоб»), «Китоб фӣ тасҳеҳ-ит-том» («Китоб оид ба ҳамвориҳои пурра»), «Қавонини илми ҳайъат» ва ғайро номбар намудан мумкин аст.        X. Абдуллозода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …