Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СУҒДИЁН

СУҒДИЁН

СУҒДИЁН, яке аз қадимтарин халқҳои эронинажоди Осиёи Миёна буда, байни ҳаpораи 1 то мелод— асрҳои 8—9 мелодӣ дар Суғд, Бухоро, Истаравшан ва баъзе дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна зиқдагонӣ мекардаанд. Суғдиён аз гурӯҳи халқҳои қадими шарқи эронӣ буда, аз аҷдоди асосии тоҷикон ба шумор мераванд. Сайёҳи ЧинСюан-Цзан Суғдиёнро мардуми хеле боғайрат ва ҷасур донистааст. Ба қавли ӯ сипоҳиёни суғдӣ «басе далеранд ва ҳеҷ гоҳ аз марг наметарсанд; ба ҳамлаи онҳо ягон душман тоб оварда наметавонад». Муаррихони асрҳои 9—10 (Табарӣ, Балозурӣ ва дигар) низ ҳангоми тасвири забткориҳои арабҳо дар Осиёи Миёна Суғдиёнро далеру ҷанговар ба қалам додаанд. Аз рӯи мусаввараҳои рӯи деворҳо доир ба навъҳои силоҳи сарбозони Суғдиён (акинак, шамшер, тиру камон, найзаю гурз, табарзину сипар) либоси ҳарбии онҳо (зиреҳу тоскулоҳ, ҷавшану остинча ва ғайра) ва тарзи истифодаашон тасаввурот пайдо шуд.

Суғдиён ба забони суғдӣ гап мезаданд. Аз рӯи катибаҳои қадима забоншиносон тахмин мекунанд, ки хати Суғдиён асрҳои 3—2 то мелод пайдо шудааст. Суғдиёнҳои 1932—33 дар ҳудуди пешинаи Суғд, дар қалъаи Муғ (нигаред Ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ) архиви Деваштич (аввали асри 8) ёфт шуд. Архив қариб аз 80 ҳуҷҷати асли иборат буда, дар коғаз, чарм ва чӯб навишта шудааст. Он на фақат дар тадқиқу таҳлили забони суғдӣ ва сарфу наҳви он, балки дар тафсиру ташреҳи чандин ҷиҳатҳои таърихи маданияти Суғдиён дар асрҳои 7—8 низ ёрии калон расонд.

Суғдиён аз қадим ба зироат, боғдорӣ, обчакорӣ ва чорводорӣ шуғл доштанд. Дар кашоварзӣ заминҳои обӣ зиёд буданд. Бостоншиносони советӣ боқимондаҳои иншооти обёрии Суғдиёнро ёфтаанд, ки онҳо аз дараҷаи баланди тараққиёти системаи обёрии Суғдиён гувоҳӣ медиҳанд.

Суғдиён конкобон ва ҳунармандони моҳир низ буданд. Онҳо тилло, нуқра, оҳан, қалъагӣ ва баъзе дигар навъҳои филизотро истихроҷ мекарданд. Дар истеҳсолоти ҳунармандӣ хусусан пешаҳои оҳангарӣ, бофандагӣ, заргарӣ, шишагарӣ, чармгарӣ, коғазтайёркунӣ, сангтарошӣ ва кандакорӣ ривоҷ ёфта буданд.

Суғдиён чун тоҷирони моҳир низ машҳур буданд. Тоҷирони суғдӣ асрҳои 4—3 то мелод бо мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла Хитой, робитаҳои тиҷоратӣ доштанд. Онҳо на фақат дар савдои байни ноҳияҳои Осиёи Миёна, балки байни мамлакатҳои Ғарбу Шарқ низ роли миёнаравро мебозиданд. Суғдиён анъанаҳои бои давлатдорӣ доштанд. Давлати онҳо дар Осиёи Миёна яке аз аввалин ва қадимтарин давлатҳо буд. Қатьи назар аз тохтутоз ва забткориҳои пай дар паи аҷнабиён (Ҳахоманишиниён, Искандари Мақдунӣ, Кушониён. Ҳайтолиён, Хоқони турк ва ғайра) Суғдиён анъанаҳои бои хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании худро маҳфуз доштаанд.

Дар арафаи истилои араб (асри 7) давлати Суғдиён аз иттиҳоди 2 вилоят, 5 шаҳр — округ ва 14 русто (район)-и воҳаҳои дарёҳои Зарафшон ва Қашқадарё иборат буд. Дар сари иттиҳод шоҳ меистод, ки вай унвони «ихшиди Суғд афшини Самарқанд»-ро дошт. Ҳамчун «афшин» ӯ ҳокими Самарқанд ва ҳамчун «ихшид» шоҳи тамоми Суғд ҳисоб мешуд. Дар ин давра дар ҷамъияти Суғдиён муносибатҳои феодали ривоҷ ёфта, заминдории калони феодалӣ ба вуҷуд омад.

Дар байни Суғдиён соҳибмаълумотҳо бисёр буданд. Сафири Хитой Вей- Цзе, ки аввали асри 7 ба Самарқанд омада буд, оид ба аҳолии он навишта аст: «Мардуми он ҷо ҳама тоҷирони моҳиранд; ҳамин ки бача панҷсола шуд, ӯро хату савод меомузонанд, хонданро, ки ёд гирифт, водор мекунанд тиҷорат омӯзад». Суғдиён дар бисёр илмҳои давраи то истилои араб ба комёбиҳои калон ноил шудаанд. Аз баъзе маълумоти маъхазҳои хаттӣ ва бозёфтҳои археологӣ маълум мегардад, ки дар замони Суғдиён математика, астрономия, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва адабиёт хеле ривоҷ доштааст. Яке аз аввалин асарҳои бадеии Суғдиён достонҳои асотирианд дар бораи Рустам, Барзу, Коваи оҳангар ва Сиёвуш барин каҳрамонҳои халқӣ. Аз адабиёти бой ва серсоҳаи Суғдиён то ба замони мо, мутаассифона фақат баъзе порчаҳои хурд расидаанд. Агар онҳоро бо назми асримиёнагии тоҷикон муқоиса кунем, маълум мегардад, ки назми тоҷикон бо эҷодиёти лафзии халқ ва адабиёти хаттии бадеиисуғдиён бевосита алоқа доштааст. Суғдиён маҷмӯи қонунҳои хаттӣ доштанд, ки тавассути он масъалаҳои мурофиаи судиро ҳал мекарданд. Мувофиқи он қонунҳо ба ҷинояткорон ҷазоҳои сахт дода мешуд. Масалан, барои ҷинояти вазнин тамоми авлоди ҷинояткорро ба қатл мерасониданд, барои ҷинояти сабук бошад, худи гунаҳгорро мекуштанд; барои дуздӣ ду пои дуздро мебуриданд. Чунон, ки Сюан-Дзаан қайд мекунад, барои баъзе ҷиноятҳо дастони гунаҳгорро мебуриданд ё дарра мезаданд ва ё аз шаҳр бадарға мекарданд.

Суғдиён дар меъмори хишти хом, похса ва чӯбро фаровон истифода мекарданд. Меъморон усулҳои беҳтарини деворзанию тарҳкаширо ба кор мебурданд. Барои ороиши иморат кандакории рӯи сант, чӯб, гил, гач, инчунин нақшу нигорро кор мефармуданд.

Дар байни Суғдиён ҳайкалтарошию наққошӣ мақомии баланд дошт ва ин соҳаҳои ҳунар дар заминаи анъанаҳои маҳалли инкишоф меёфтанд. Ҳайкалтарошон аз гил, гаҷ, чуб, оҳан ва биринҷӣ ҳайкалҳои хеле зебову дилкаши одамон, ҳайвонот ва махлуқҳои афсонавиро бо маҳорати баланд меофариданд. Санъати наққошӣ ҳам бо роҳи тасвири ҳаёти воқеӣ пеш мерафт.

Суғдиён ба мусиқӣ низ шавқу ҳаваси зиёд доштанд ва дар байни онҳо най, даф, уд, чанг, барбат, дойра, дуёнӣ барин асбобҳои мусиқӣ хеле маъмул будаанд. Аксари ин асбобҳо намудҳои гуногун доштаанд.

Дини Суғдиён асосан зардуштия буд, аммо дар байни онҳо монавия, буддоия, маздакия ва баъзе эътиқодоти динӣ (масалан, парастиши аҷдод ва ғайра) низ маъмул буд. Суғдиён оташпараст буданд ва ба оташ саҷда мекарданд. Онҳо майитҳои худро намегӯронданд, фақат устухонҳои аз гӯшт ҷудо кардашудаи майитро ба устадон андохта ба новус метузоштанд.

Суғдиён маданияти баланде доштанд, ва маҳз дар заминаи анъанаҳош чандинасраи хоҷагию мадании Суғдиён дар ибтидои асрҳои миёна маданияти тоҷикон ташаккул ёфт. Нигаред низ Суғд.

Адабиёт: Ҷалилов А., Дурдонаҳои маданияти қадима, Душанбе. 1973. А. Ҷалилов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …