Маълумоти охирин

СУҒД

sughd-province

СУҒД (форс-қадим Суғуд, арабӣ), яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни аҷдоди тоҷикон, воқеъ дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон ваҚашқадарё. Аввалин бор дар Авесто ва катибаҳои мехӣ, баъдтар дар осори муаллифони атиқаю Хитои Қадим ва дар сарчашмаҳои асримиёнагии арабию форсӣ ёдовар шудааст. Асрҳои 6—4 то мелод Суғд дар ҳайати давлати Ҳахоманишиён якҷоя бо Порт, Хоразм ва Ориё сатрапин 11-уми онро ташкил мекард. Аҳолии Суғд ба Ҳахоманишиён андоз дода, онҳоро аз сангҳои қиматбаҳо таъмин мекард, барои хизмати қалъаҳо ва ҷанги зидди юнониҳо ва ғайра сарбоз мефиристод. Солҳои 329—328 то мелод аҳолии Суғд бо сардории Спитамана ба Искандари Мақдунӣ муқобилати сахт нишон дод ва фақат баъди муборизаи дуру дароз мутеъ гардид. Баъди вафоти Искандар Суғд ба ҳайати империяи Селевкиён, ки асосгузори он Селевк ба духтари Опитамана — Апама хонадор шуда буд, дохил гашт. Дар нимаи дуюми асри 4 ва асри 3 то мелод Суғд дар ҳайати Юнону Бохтар, дар асрҳои ибтидои милод ба давлати Кушониён дохил буд. Дар асрҳои 4—5 Суғд ба шоҳони Ҳайтолиён, дар асрҳои 6—7 ба Хоқонии турк итоат мекард. Дар охири асри 7 ва ибтидои асри 8 Суғдро арабҳо забт карданд. Аз замони барҳам хӯрдани давлати Кушониён (асри 4) то ба ҳайати Хилофати араб дохил шудани Суғд истилогарон аслаи ба корҳои дохилии он дахолат намекарданд. Дар тӯли ин вақт Суғд аз якчанд мулкҳо (Маймурғ, Кабудон, Кушония, Бухоро, Кеш, Насаф, Самарқанд, Панҷакент, Иштихон ва ғайра) иборат буд. Кӯшки ҳокими Самарқавд маъбади ниёгон дошт ва дар он ба ёди гузаштагон қурбониҳо мекардаанд. Ҳокимони Суғд муносибатҳои хешутаборӣ низ доштаанд. Ҳокими марказӣ унвони ихшид (масалан, ихшиди Самарқанд Вархумана — аниқтараш Авархумана буд), ҳокимони Кеш унвони ихрид доштанд. Аз ҳама калонтарнн мулкҳои Суғд воҳаи Бухоро буд, ки гоҳ-гоҳ мустақил мешуд ва дар маъхазҳои таърихӣ ҳатто дар борал ду Суғд— Суғди Бухоро ва Суғди Самарқанд ёд шудааст. Яке аз муҳимтарин мулкҳо Панҷакент буд (ниаред Панҷакенти Қадим), ки ба ҳайати он ғайр аз худи ноҳияи Панҷакент (ҳамон вақт «Панҷ» ном дошт) боа ноҳияҳои болооби Зарафшон — Моғиён, Паргар (Фалғар), Кштут (ҳозира Киштут), Мартушкат (ҳозира Мастчоҳ) ва водии Яғноб, дигар қаламравҳои Пэтаман (Бутамони асрҳои миёна), ноҳияҳои қаторкӯҳҳои ҲисоруЗарафшон дохил мешуданд. Дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ номи деҳаи ҳозираи Анзоб зикр ёфтааст. Панҷакент дар давраи ҳуҷуми арабҳо барои Суғд аҳамияти калон дошт. Ҳокими Панҷакент Деваштич муддате тахтнишини Самарқанд буд. Ҳуҷҷатҳои аз Қалъаи Муғ ёфтшуда ва ғайра шаҳодат медиҳанд, ки Суғд бо Чоч, Истаравшан, Фарғона ва дигар мамлакатҳо муносибатҳои дипломатӣ дошт. Суғд дар аҳди қадим ва хусусан дар ибтидои асрҳои миёна дар ҳаёти иқтисодию мадании Шарқнуфузи калон дошт. Дар Самарқанд, воҳаҳои Бухоро, инчунин Қашқадарё системаи мураккаби обёрӣ вуҷуд дошт. Вилояти Самарқанд чунон серобу обод будааст, ки волиёни араб онро «бӯстони амиралмӯъминин» меномиданд. Барои обёрии заминҳои ҷануби Самарқанд аз маҳалли Варағсар (ҳозира Работи Хӯҷа) се канали асосӣ оғоз меёфт. Ин каналҳо пеш аз истилои араб сохта шуда буданд. Дар Кушония канали Нарпай, дар ҳудуди ноҳияи Бухоро канали Шопурком (баъдтар Шофирком), ки қисми шимолии воҳаи Бухоро — Варданаро обёрӣ мекард, мавҷуд буданд. Зироати Суғд бештар обӣ буд, ҳарчанд истифодаи заминҳои лалмӣ аз эҳтимол дур нест. Зироат бештар ғалла ва сабзавот буд. Токдорӣ яке аз соҳаҳои асосии деҳқонӣ ба ҳисоб мерафт. Дар Панҷакент дастгоҳҳои майкашӣ ёфт шуданд. Аз материалҳои археологӣ ва ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ бармеояд, ки аъёну ашроф миқдори зиёди майро солҳои сол нигоҳ медоштанд. Боғҳои зиёде низ мавҷуд буданд. Аз Самарқанд шафтолуи аълосифат, ки «шафтолуи тиллоӣ» меномиданд ва олучаи сафеду зардро барои фурӯш мебароварданд. Аспҳо ва гӯсфандони дунбадори суғдӣ дар мамлакатҳои ҳамсоя шуҳрати калон доштанд. Суғд бо абрешим, пахта ва пашми аълосифат низ ном бароварда буд.

Кӯҳҳои атрофи Суғд сарвати фаровон доштанд. Дар Суғд тилло ва навшодир истеҳсол мекарданд. Тилло ба савдои хориҷӣ бароварда мешуд (хусусан аз Кеш ва Маймурғ). Хӯлаи мису рӯҳ ва намаки рангини Маймурғу Кеш шӯҳрат дошт. Санъати оҳангарӣ, заргарӣ, кулолӣ ҳам хеле тараққӣ карда буд. Аз ҷумлаи олоти филизӣ бел, табар, дос, мех, миқроз ва дигар асбобу анҷоми рӯзгор ва ҳунармандӣ ёфт шудаанд. Ба ҳунари оҳангарӣ истеҳсоли яроқ сахт алоқамалд буда, истеҳсоли тиру камон, шамшер, сипар, ҷавшан, кулоҳ ва ғайра ҳунар ва дониши хубро талаб мекард. Силоҳи мудофиавии суғдиён дар кишварҳои дур шӯҳрат дошт. Соли 718 суғдиён ба Хитой ҷавшани худро фаристоданд; яроқсозони Чин онро ҳамчун намуна қабуд кардандва дар армияи Хитой ҷавшан маъмул шуд. Дар Суғд ҳунари бофандагӣ хеле тараққӣ карда буд. Дар Қалъаи Муғ намунаи 150 навъи матоъ (пахтагин, абрешимин, пашмин) ёфт шуд. Дар порчаҳои матоъҳои суғдие, ки дар музейҳои Европаи Ғарбӣ маҳфузанд, суратҳои шер, гӯсфанд ва баъзе паррандаҳо тасвир ёфта, бо рангҳон сурх, гулобӣ, кабуд ва сафеди баланду равшан оро дода шудаанд. Чармгарӣ, садафкорӣ, дуредгарӣ, кулолӣ, коғазсозӣ низ хеле дар инкишоф будааст.

Вусъати зиёди истеҳсолоти ҳунармандӣ, хусусан дар шаҳрҳо ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат мекард. Суғдбо мамлакатҳои Шарқу Ғарб ва инчунин бо аҳолии даштҳои шимолӣ муносибатҳои тиҷоратӣ дошт.

Хусусан алоқаҳои тиҷоратӣ дар байни Суғд ва Рум вусъат ёфта буд. Тақрибан аз асри 2 савдогарону рӯҳониёни буддоии суғдӣ, ҳунармандон, ҷанговарон, сарлашкарҳо, олимон ва ғайра аз ин ҷо баромада, дар Ҳиндустону Хитой амал мекардаанд. Аз асри 4 онҳо дар муҳимтарин роҳҳои савдо аз Марв сар карда то Хитою Муғулистон бошишгоҳҳо ва корвонсаройҳо сохта буданд, дар бисёр шаҳру ноҳияҳо маҳаллаҳои суғднишин мавҷуд буд (дар топонимияи асрҳои 10— 11-и Ҳафтрӯд унсурҳои суғдӣ бис ёр дида мешуд).

Дар асри 5 дар Суғд ташаккули муносибатҳои феодалӣ оғоз ёфт. Деҳқонон (номи ҳамонвақтаи аъёну ашрофи мулкдор), тоҷирон ва коҳинони табақаи олии ҷамъият ба шумор мерафтанд. Ба онҳо кадеварҳо ва ғуломон муқобил меистоданд. Кадеварҳо ба заминдорон аз ҷиҳати иқтисодӣ мутеъ буданд. Онҳо аслан аз табақаҳои озоди аҳолӣ пайдомешуданд. Шумораи кадеварҳо аз ҳисоби баъзе табақаҳои бенавошудаи аҳолии деҳот ва қавмҳои патриархалӣ, инчунин аз ҳисоби ғуломон меафзуд. Истилои араб тафриқаи табақаҳои ҷамъиятро тезонд, шумораи табақаҳои мутеъ афзуд. Дар муборизаи дуру дароз бо истилогарон ҳатто як қисми деҳқонони бобизоат мақоми иқтисодии худро аз даст доданд. Коҳинон барҳам хӯрданд, ҷои онҳоро рӯҳониёни мусулмон гирифтанд.

Мардуми Суғдро суғдиёи ташкил медоданд. То истилои араб забони суғдӣ аз маъмултарин забонҳои Осиёи Миёна буд. Аз асрҳои 7—8 сар карда, ба андозаи дар Мовароуннаҳр паҳн шудани забони тоҷикӣ (дарӣ) забони суғдӣ тадриҷан мавқеи худро аз даст дод. Аз асри 10 сар карда забони тоҷикӣ забони асосии тамоми Суғд гардид. Лекин то асрҳои 13—14 дар баъзе ноҳияҳои ҷудогонаи саргаҳи Зарафшон забони суғдӣ ҳанӯз зинда буд. Дар ҷойҳои баландкӯҳи водии Яғноб забони суғдӣ то замони мо (то соли 1970) худро нигоҳ дошта тавонист (нигаред Забони яғнобӣ). Суғдиён хату адабиёти хос доштанд. (Нигаред Хати суғдӣ). Солҳои охир аз Панҷакент, Варахша, Шаҳристон (ноҳияи Ӯротеппа), Афросиёб ва аз дигар шаҳру деҳоти қадимии Осиёи Миёна дар рӯи тангаҳо, деворҳо, сафолпораҳо, устухонҳо ва дигар ашёҳо бисёр катибаҳои суғдӣ ёфт шуданд. Аз осори адабӣ ба ғайр аз мукотибаи зикршуда, тарҷумаи суғдии асари бадеии буддоӣ «Вессантра ҷатак», ривоят дар бораи Сиёвуш, порча аз достони Рустам ва Рахш, баъзе масалҳои «Калила ва Димна» маълуманд. Дар охири асри 8 ва аввали асри 9 дар байни аҳли хиради Суғд ва дигар ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна наҳзати шуубия шайдо шуд, ки яке аз аввалин намояндагони он фарди суғдӣ Хураймии Самарқандӣ буд. Аввалин намояндагони адабиёти дарӣ — тоҷикии Суғд шоирон Абуҳафси Суғдӣ ва Абулянбағӣ (Абӯтақӣ) буданд. Солҳои охир дар бораи масолеҳи бинокорӣ, тарзу услуби сохтмон ва санъати ороишии Суғд маълумоти нав ба даст омад. Ба санъати меъмории Суғд хонаҳои камбари росткунҷаи гумбаздор ва хонаҳои чоркунҷаи бомашон паҳн хос буд. Техникаи равоқсозию гумбазсозӣ ва сохтмони ошёнаҳою пағнаҳо (даромадгоҳи ҳамвори нишеб) ба баланд будани дараҷаи санъати меъмории Суғд далолат мекунанд. Дар байни биноҳои дар Панҷакенти Қадим кушодашуда биноҳои дуошёна ва сеошёна ҳастанд, ки деворҳои 3—4 ва 8—9-метра доранд. Деворҳо бо каҳгил ё гаҷ андова шудаанд. Таҳсутунҳои сангини хеле хуб тарошидашуда, боқимондаи сутун ва болорҳои сухта ёфт шудаанд, ки нақшҳои аҷоиб доранд ва аз маҳорати баландикандакорону сангтарошони Суғд шаҳодат медиҳанд. Тарзу услубҳои аҷоиби сохтмон ва санъати меъмории Суғдро дар осори меъмории Афросиёб ва Варахша, Пайканд, Кофирқалъа ва Тали Барау дидан мумкин аст. Дар водии Зарафшон қалъаи Гарданаи Ҳисор тадқиқ шуд. Дар дараи Моғиён ёдгориҳои зиёде тадқиқ шуданд ва ҳамагӣ дар водии Болооби Зарафшон зиёда аз 50 ёдгории ибтидои асрҳои миёна омӯхта шуданд, ки якҷоя бо ёдгориҳои ҷануби Суғд— ҳавзаи дарёи Қашқадарё шоҳиди санъати баланди меъморӣ ва ҳунармандии мардуми Суғд мебошанд. Бозёфтҳои археологӣ аз санъати баланди ҳайкалтароши ва тасвирӣ низ дарак медиҳанд. Суғдиён аз чӯб, филизот, гил ва гач ҳайкалҳои хеле зебову дилкаш ва пурмазмуни одам, ҳайвонот ва ғайраро месохтанд. Санъати нафиса бар бунёди анъанаҳои қадими маҳаллӣ қарор гирифта, дар асрҳои 6—8 ба дараҷаи баланди тараққиёт расида буд. Дар Суғд равияҳои гуногуни санъати наққошӣ ҷорӣ буданд. Дар рӯи девор манзараҳои қурбонӣ, оташпарастӣ, рақси маросимии динӣ, азову сӯгворӣ, базму зиёфат, зӯрозмоии ҷанговарону паҳлавонон ва дигар лаҳзаҳои ҳаёти суғдиён акс ёфтаанд. Дар аксари манзараҳо занон ҳам ҳастанд. Онҳо баробари мардон дар базму зиёфатҳо ширкат карда, асбобҳои гуногуни мусиқӣ навохта, мерақсидаанд, либоси ҷангӣ пӯшида дар мусобиқа ва ҷангҳо иштирок мекардаанд.

Дар ҳаёти мадании суғдиён санъати мусиқӣ ҷои (махсусро ишғол менамуд. Дар байни ҳайкалчаҳои сершумори гилие, ки дар Суғд ёфт шуданд, ҳайкалчаҳои марду занҳое ҳастанд, ки найу сурнай ва уду даф менавозанд. Дар деворнигораҳои Панҷакенти Қадим навозандагони таблак, уд, барбат, най, дуёнӣ ва ғайраро дидан мумкин аст. Мардумл Суғд на танҳо бо мусиқии худ, балки бо санъати баланди рақс ҳам шӯҳрат доштанд. Оҳангҳои рақсҳо сурудии махсус мавҷуд буд. Баъзе рақсу сурудҳо якка ва баъзеи онҳо ҷомеъона иҷро мешуданд. Бухоро бо актёрҳои худ шуҳрат дошт. Театри лӯхтак дар асри 7 аз Осиёи Миёна ба Хитой рафтааст.

Дину маросимҳои мардуми Суғд асосан ба зардуштия, хусусан маздоия вобастагӣ дошт ва бо урфу одатҳои маҳаллӣ омезиш ёфта буд. Дар Бухоро рӯзи 28 моҳи аввал—иди муғҳо буд. Мардум дар деҳаи Рамуш дар маъбади оташ ҷамъ шуда, шодию хурсандӣ мекарданд. Иди Ағам маъмултарин ҷашни солинавии мардум ба ҳисоб мерафт. Дар яке аз моҳҳо суғдиён аз ҳама гуна хӯрокиҳо ва нӯшокиҳо, аз ҳамаи он чи ки оташ расида бошад, парҳез мекарданд ва фақат сабзавоту мева мехӯрданд. Дар рӯзи якуми моҳи оянда, дар оташкада ҷамъ шуда, хӯроки махсусе мехӯрданд, ки аз орду равғану қанд тайёр карда мешуд. Соле як бор мардуми Суғд бар гузаштагони худ азо мегирифтанд, гиря мекарданд, рӯи худро меканданд, барои мурдаҳо хӯроку нӯшокӣ мемонданд. Бино ба нақли Наршахӣ, дар Бухоро субҳи рӯзи нави Соли Нав ба Сиёвуш хурӯс қурбонӣ мекарданд, ки онро кини Сиёвуш меноманд. Дар Самарқанд эътиқод доштанд, ки ҷавони илоҳӣ моҳи ҳафтум мурда буд ва устухонҳояш гум шудаанд. Онҳо либоси сиёҳ пӯшида, пойлуч гирён ба саҳро мебаромаданд ва мурдаи ҷавони илоҳиро ҷустуҷӯ мекарданд. Ин маросим рӯзи ҳафтум хотима меёфт. Образи Сиёвуш на фақат ба парастиши мурдаҳо, балки ба эътиқоди қадимтаре дар бораи мурда ва зиндашавии худои рустаниҳо алоқаманд буд. Дар катибаҳои Қалъаи Муғ номи худо Бага ва Меҳр сабт шудааст, суғдиён номи Аҳурамаздоро ба забон намегирифтаанд ва наменавиштаанд ва ба ҷои ӯ онномҳоро истифода мебурдаанд. Дар матнҳои суғдии буддоӣ худои суғди Зарванна ҳамрадифи Браҳма аст ва «бузург» ва «шоҳи худоҳо» гӯён сифат шудааст. Номҳои Варэтрагна (Вашегн), Наная, Хиваренах (Фарн), Тиштрия ва ғайра низ парастида мешуданд. Дар қатори дини маҳалли дар Суғд динҳои буддоия, масеҳият, монавия низ маъмул буданд. Нигаред низ Суғдиён.

Адабиёт: Смирнова О. И., Очерки истории Согда, Москва 1970; Frуе R., Тhе Нistori оf аnсiеntIrаn, Мunсhеn. 1984.

А. Ҷалилов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …