Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУФАҲО

СУФАҲО

СУФАҲО дар геогафия ва геология, майдончаҳои табиии ҳамвор ё андаке моили нишебии кӯҳу теппаҳо, водию дарёҳо ва соҳили кӯлу баҳрҳоро гӯянд, ки аз канор зинаҳо дорад. Суфаҳо аз таъсири обҳои равон ё мавҷи ҳавзаҳои об дар натиҷаи бардошташавии номураттаби тектоникӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо алоҳида ё пай дар ҳами зинашакл мешаванд. Суфаҳои дарёӣ нисбатан бештар буда, дар нишебии аксари водиҳои дарё воқеъ гаштаанд. Дар Суфаҳои дарёӣ, баҳрӣ ва кӯлӣ аксар вақт маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳои саноатӣ ва роҳҳо месозанд. Махсусан дар кӯҳистон майдонҳои Суфаҳоро ба сифати киштзор истифода мебаранд. Аксар конҳои пошхӯрда (тилло, қалъагӣ, платина ва ғайра дар Суфаҳо ҷойгиранд. Омӯхтани Суфаҳо барои муқаррар намудани шароити палеогеографии ин ё он маҳал аҳамияти калони назариявӣ дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …