Маълумоти охирин

СУФА

СУФА, саҳни баланде, ки дар пешгоҳи хона, толор ва ё дар боғҳо барои нишастан месозанд. Бештар аз санг, кулӯх, хишт, похса ба андоза ва баландии дилхоҳ (баландиаш 40— 50 см ва зиёдтар) девор бардошта, дарунашро бо хок, санг ва ғайра пур карда, сатҳ ва деворашро андова мекунанд. Ба болои он палос густурда менишинанд. Пеши Суфаи ҳавлӣ ё боғро гулу сабзавор намуда, дар атрофаш дарахт мешинонанд. Хонаҳои қадим гирдогирд Суфа доштанд. Суфаи толори асрҳои 6—8 барои меҳмони олиқадр нишастгоҳи махсус низ дошт. Суфа безина ва зинадор мешавад. Масалан, Суфаи толори афшини Панҷакенти Қадим Деваштич се зина дошта (баландиаш 45—50 см, паҳноиаш 1,5—2. м), дар зинаи баландтарин ҳоким ва дар зинаҳои дигар вобаста ба мартаба ашроф менишаст. Дар Дарвоз, Бадахшон ва Қаротегин Суфаро декун меноманд. Суфаҳо ба ҷуз роҳрав тамоми сатҳи хонаро фаро гирифта, 35—50 см баландӣ, 3 м ва бештар паҳноӣ доранд.

Ю. Яқубов.

sufa

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …