Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СУДЯИ ХАЛҚӢ

СУДЯИ ХАЛҚӢ

СУДЯИ ХАЛҚӢ, дар СССР аъзои суди халқиро гӯянд. Уро бевосита аҳолии район (шаҳр) дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумию баробар ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад. Ҳамаи гражданҳои СССР, ки ҳуқуқи интихоботӣ доранд ва синашон ба 25 расидааст, ба Судяи халқӣ интихоб шуда метавонанд. Интихобӣ будани Судяи халқӣ ӯро уҳдадор мекунад, ки мунтазам дар назди иитихобкунандагон ҳисобот диҳад. Интихобкунандагон, дар навбати худ дар сурати ба боварии онҳо сазовор набудани Судяи халқӣ метавонанд ӯро пеш аз муҳлат бекор кунанд. Агар дар район ё шаҳр (дар сурати надоштанн тақсимоти райони), якчанд Судяи халқӣ интихоб шуда бошад, Совети депутатҳои халқии дахлдор аз байни онҳо раис (судьяи қалон)-ро таъин менамояд, ки роҳбарии умумии кори судро ба амал мебарорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …