Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУДУР

СУДУР

СУДУР (арабӣ      —содир намудан, берув овардан), таҷаллӣ, ишроқ, фаязон, эманасия, дар фалсафа як амсли руҳониро гӯянд, ки дар ҷараёни он ба зоти воҳид силсилаи маротиби ҳастӣ пайдо мешавад. Назарияи Судурро дар фалсафаи атиқа асосан намояндагони навафлотуния (Аммоний Саккас, Плотин) ташаккул додаанд. Плотин дар «Эннезд» моҳияти назарияи Судурро чунин баён каррдааст: зоти воҳид (худо), хайри мутлақ қувваи аввал ба шумор меравад. Олам аз тарафи ӯ офарида шудааст, вале ин офариниш ба иродаи худо вобаста набуда, аз рӯизарурат сурат мегарад. Аввалин чизе, ки аз зоти воҳид Судур мешавад, ақли кул (рӯҳ) аст, баъд нафси кул, модда ва ниҳоят, падидаҳои олами физикӣ ба вуҷуд меоянд. Плотин ба инкишофи минбаъдаи афкори фалсафӣ, хусусан пантеистии (нигаред Пантеизм) Шарқу Ғарб таъсири калон расонид.

Дар фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ назариян Судур асоси таълимоти мактаби машшоъ ва тасаввуф буд. Ал-Киндӣ, Форобӣ, Абӯалии Сино ва дигар ҳастиро аззинаҳои гуногун иборат дониста, пайдоиши силсилаи маротиби вуҷудро ба тариқе тавсиф додаанд, ки ба афкори навафлотуниён шабеҳ аст: мутафаккирони мактаби машшоъ низ ҷараёни офариниши оламро тақозои зарурат дониста, доираи фаъолияти худоро маҳдуд намуданд ва худою оламу одамро дар як радиф гузоштаанд. Беҳуда нест, ки Ғазолӣ онҳоро ба куфру илҳод айбдор кардааст.

Назарияи Судур бо космогонияи илмӣ умумияте надорад. М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …