Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии СУДОН

Ҷумҳурии СУДОН

СУДОН, Респубикаи Демократии Судон давлатест дар шимолу шарқи Африка. Масоҳаташ 2,5 млн нм2. Аҳолиаш 20,6 млн нафар (11983), асосан арабҳо, нубагиҳо ва ғайра. Аз се ду ҳиссаи диндорон мусулмонанд. Забони расмӣ — арабӣ. Пойтахташ шаҳри Хартум. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор — Маҷлиси миллии халқӣ. Қисми зиёди мамлакатро пуштакӯҳҳо фаро гирифтаанд, ки баландиашон асосан 300—1000 м, дар ғарб ва ҷануб беш аз 3000 м. Нуқтаи баландтарин—Кинети (3187 м). Иқлимаш асосан субэкваторӣ, дар шимол тропикӣ ва биёбонист. Ҳарарати миёнаи моҳова аз 15 то 354), боришоти солона дар шимол хеле кам,дар ҷануб 500—1400 мм. Дар ноҳияҳои шимолӣ растаниҳои нимбиббонӣ ва биёбонӣ, дар ҷануб растаниҳои саванагӣ мерӯянд ва бешаҳои тропикӣ мавҷуданд. Дарёи калонаш Нил (шохобҳояш Сабат ва Нили Кабуд).

sudon

Дар ҳазораҳои 4—3 то мелод дар ҳудуди Судон маданияте пайдо шуд, ки ба маданияти ҳозираи Миср наздик буд. Аз асри 8 то мелод паи ҳам давлатҳои ибтидоии синфии Налата, Мероэ вуҷуд доштанд; то асри 7 мелодӣ давлатҳои насронии Муқурра, Алоа, Набатия ба вуҷуд омаданд. Баъди Мисрро (асри 7) забт кардани арабҳо муҳоҷирати онҳо ба Судон сар шуд. Охири асри 14 ва аввали асри 16 давлати исломии Сеннар Султонии Дорфур ва ғайра пайдо гардиданд. Дар ноҳияҳои ҷануби Судон, ки аҳолиаш асосан қабилаҳои зангинажод буданд, муносибатҳои иқтисодии авлодӣ боқӣ мемонданд. Солҳои 1820—22 ҳудуди Судонро ҳокими Миср Муҳаммад Алӣ забт кард. Аз солҳои 60 асри 19 ба Судон амадани англисҳо сар шуд. Дар рафти шӯриши Махдиён (1881—98) давлати мустақили теократӣ ташаккул ёфт. Солҳои 1899—1955 Судон мустамликаи Англия буд. Соли 1946 партияи коммунистии Судон таъсис ёфт. 1 январи 1956 Судон давлати мустақил — республика шуд. Соли 1958 дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ тартиботи диктаторӣ барпо гардид. 25 маи 1969, баъди ҳокимиятро ба даст гирифтани қувваҳои революсионӣ, Судон Республикаи Демократӣ эълон шуд. Як қатор тағйироти пешқадами иҷтимоию иқтисодӣ ба амал омад.

Аз соли 1956 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.

Асоси иқтисодиёташ хоҷагии қишлоқ. Пахта (569 ҳазор тон, 1983), инчунин кунҷит, арахис, ҷуворӣ, арзан мекоранд. Финдуқпарвари тараққӣ кардааст.

Асосан гӯсфанд, буз, гов (55 млн сар, 1963) мепарваранд. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, сабук, коркарди металл дорад. Тӯли роҳи оҳан 5 ҳазор км, роҳҳои автомобилгард 21 ҳазор км ва киштигард қариб 6 ҳазор км аст. Ба мамлакатҳои хориҷа пахта, арахис ва ғайра мебарорад. Бандари асосиаш Порт-Судон. Воҳиди пул — фунти судонӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …