Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУДОБИҲО

СУДОБИҲО

sudobiho

СУДОБИҲО (Rutaceae), як оилаи растаниҳои дупалла. Судобиҳо асосан буттатаву дарахт ва баъзе гиёҳҳоро дар бар мегиранд. Барги содда ё мураккаби хушбӯй, гули дуҷинса ё баъзан якҷинса, ғӯза, ғуҷуммева ва ғайра доранд. Ба Судобиҳо қариб 150 ҷинс (1600 намуд)-и растаниҳо мансубанд. Онҳо дар ноҳияҳои тропикӣ, субтропикива муътадил, хоса дар Африкаи Ҷанубӣ ва Австралия фаровонанд. Дар СССР беш аз 40 намуди Судобиҳои худруй месабзад. Махсусан цитрусиҳо (лиму, афлесун, норанҷ ва ғайра), ки баъзеи онҳоро дар ноҳияҳои ҷануби республика мепарваранд, аҳамияти калон доранд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 15 намуди Судобиҳои худрӯй ҳаст. Дар боғи ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон як қатор намудҳои Судобиҳоро чун растаниҳои орошӣ мепарваранд.         С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …