Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СУДИ ОЛИИ РСС Тоҷикистон

СУДИ ОЛИИ РСС Тоҷикистон

СУДИ ОЛИИ РСС Тоҷикистон, органи олии судии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, ки ба амалиёти ҳамаи органҳои судии республика назорат мекунад ва дорои ҳуқуқу ташаббуси қонунгузорӣ мебошад. Соли 1929 таъсис шуд. Мувофиқи Конституцияи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, (моддаи 93) Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистонро Савети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ба муддати 5 сол интшхоб мекунад. Суди Оллии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун суди инотансияи якум корҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ, шикоят ва эътирозҳоро аз болои ҳалномаҳо, ҳукмҳо ва таъиноти ба ҳуҳми қонун надаромадаи судҳои халқии районӣ (шаҳрӣ), районҳо ва шаҳрҳои тобеи органҳои республика, судҳои вилоятӣ ва суди Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ба тариқи кассасионӣ ва корҳои ба ҳукми қонун даромадаро аз рӯи эътирозҳо ба тариқи вазорати судӣ дида мебарояд. Ба судҳо дар бораи татбиқи қонунҳои республина эзоҳоти дастурӣ медиҳад.

Суди Оллии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон аз раизс, ҷонишини раис, аъзоёни Суди Оллии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва машваратчиёни халқӣ иборат буда, дар ҳайати коллегияи судӣ оид ба корҳоя гражданӣ, ҷиноятӣ, Президиуми Суди Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, Пленуми Суди Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон амал мекунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …