Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУБСТАНТИВАСИЯ

СУБСТАНТИВАСИЯ

СУБСТАНТИВАСИЯ (аз лотинӣ substantivum — исм), ба исм гузаштани дигар ҳиссаҳои нутқ. Дар забони тоҷикӣ бештар сифат ва сифати феълӣ бо ин роҳ ба исм гузаштаанд: Бо бадон бад бошу бо некон накӯ (Саъдӣ). Аз павиштаҳои ӯ фоидае нест (Айнӣ). Ба тамаи манфиати номаълум фоидаи накдро аз даст додан кори хирадмандон нест (Айнӣ). Дар растаҳо ояндагон ва равандагон ҳам кам буданд (Айнӣ). Шумора, феъл ва дигар ҳиссаҳои нутқ ҳам бо роҳи Сустантиватсия  ба исм мегузаранд:     даромади колхоз, баромади раис, якеро сад магӯ, садро яке гӯй. Сустантиватсия се хел мешавад: пурра — калима аз дигар ҳиссаи нутқ пурра ба исм гузашта, танҳо ҳамчун исм ифода мешавад (беқасаб, шоҳӣ, ришта, парранда), попурра — калима аз дигар ҳиссаи нутқ пурра ба исм нагузашта, асосан ҳамчун исм ифода шавад ҳам, гоҳо ба вазифаи асосии худ меояд (гадо камбағал, ронанда, намоянда); матнӣ — калимаи мансуби дигар ҳиссаи нутқ танҳо дар матн, дар ҷараёни нутқ ҳамчун исм истифода мешавад (либосҳои соҳибҷамол, нозҳои абрӯкамон, равандаи танҳогард, гашти асп). Калимаҳон бо усули Сустантиватсия ба исм гузашта, категорияҳои грамматикии онро қабул карда, мисли исм ба вазифаи ҳамаи аъзоҳои ҷумла меоянд: Баъзе соддалавҳон ё риёкорон ахфсонаи болоиро ҳам бо ин кӯшиши худ сабаб нишон медиҳанд (Айнӣ). Ҷавоне аз хирадманде мепурсад (Айнӣ).

Адабиёт: Рустамов Ш. Исм, Душанбе, 1980.

Ш. Рустамов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …