Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТУДИЯИ МАРКАЗИИ ФИЛМҲОИ ҲУҶҶАТӢ (ЦОДФ)

СТУДИЯИ МАРКАЗИИ ФИЛМҲОИ ҲУҶҶАТӢ (ЦОДФ)

СТУДИЯИ МАРКАЗИИ ФИЛМҲОИ ҲУҶҶАТӢ (ЦОДФ), калонтарин киностудияи филмҳои ҳуҷҷатию хроникавии советӣ (Москва). Соли 1927 дар назди кинофабрикаи «Совкино» шӯъбаи махсуси кинохроника таъсис гардида, соли 1931 ба Фабрикаи умумииттифоқӣ — «Союзкинохроника» табдил ёфт. Соли 1936 он номи Студияи кинохроникаи Москва, соли 1940 Студияи марказии кинохроника ва аз соли 1944 номди ҳозираашро гирифт. Ҳар сол ин студия бештар аз 120 киножурнал ва 160 филми ҳуҷҷатӣ меофарад. Журналҳои даврии «Навигариҳои рӯз», «Кинохроникаи хориҷа», «Спорти советӣ», «Кинои советӣ», «Пионерия» дар студияи мазкур тахия мешаванд. Бо ордени Ленин (1970) ва ордени Байрақи Сурх (1944) мукофотонида шудааст.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …