Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТРУВЕ Отто Васильевич

СТРУВЕ Отто Васильевич

struve_o

СТРУВЕ Отто Васильевич (7. 5. 1819, Тарту—’14. 4. 1905, Карлсруэ), астрономи рус, академики Академияи Фанҳои Петербург (1856—79). Писари В. Я. Струве. Аз соли 1839 ёрдамчин директор ва солҳои 1862—89 директори Расадхонаи Пулково. Соли 1895 ба Германия кӯчид. Струве асосан ба астрономияи мушоҳидавӣ тадқиқот бурдааст. Кашшофи зиёда аз 500 ситораи дуқӯша мебошад. Вай инчунин сайёраҳо ва радифони онҳо, кометаҳо ва туманотро мушоҳида кардааст. Соли 1841 собитаи прецессияро муайян намуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …