Маълумоти охирин
Главная / Илм / СТРОНСИЙ

СТРОНСИЙ

stronciy

СТРОНСИЙ (лотинӣ strontium), Sr, элементи химиявиест аз гурӯҳи системаи даврии Менделеев; рақами атоми 38, массаи атоми 87,62. Стронсийи табиӣ аз омехтаи чор изотопи собит иборат аст: 84Sr, 86Sr, 87Sr ва 88Sr; аз оиҳо 88Sr бештар (82,56%) маъмул аст. Якчанд изотоии сунъии С. (адади массазшон аз 80 то 97, аз ҷумла 90Sr; Т1/2 = 27,7 сол) низ ҳосил карда шудааст. Стронсийро соли 1790 духтури шотландӣ А. Крофорд кашф кард. Номи Стронсий аз номи минерали стронсианит бармеояд, ки дар назди деҳаи Строншиан (Шотландил) ёфт шуд. Ба ҳисоби миёна Стронсий 3,4- 10-2%-и Массаи қишри заминро ташкил мекунад. Қариб 30 хел минерали он маълум аст; дар байни онҳо маъмултаринашон селестин (SrSO4) ва стронцианит (SrСо3) мебошад. Стронсий металли сафеди нуқратоб; эичиаш 2630Кг\М3 (20°С); t гуд. 770°С, t ҷӯш. 1383°С. Конфигурасияи қабати берунии электрониаш 5s2; дараҷаи оксидшавиаш +2, Стронсий металли фаъол аст; дар ҳаво бо тезӣ оксид мешавад. Оксид, пероксид, нитрид, хлорид, бромид, сулфид, гидрид, сулфат, нитрат ва дигар пайвастҳои Стронсий маълуманд. Стронсийро аз оксиди он бо роҳи бо Аl барқарор кардан ҳосил мекунанд:

4SrО + 2Аl = 3Sr + SrО- Аl203

Стронсий барои тайёр кардани люминофорҳо, фотоолементҳо, баъзе хӯлаҳо, хромати Стронсий (SrСr04) чун пигменти устувор барои тайёр кардани ранги наққошӣ истифода мешавад. 90Sr манбаи -афкатгшоти батареяҳои электрии атомист. Оксиди Стронсий батаркиби баъзе намуди шиша ва катодҳои оксидии лампаҳои электронӣ, карбонати Стронсий ба таркиби глазур ва снрҳои (эмалҳои) оа таъсири атмофера тобовар дохил мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …