Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТРЕКАЛОВ Геннадий Михайлович

СТРЕКАЛОВ Геннадий Михайлович

strekalov

СТРЕКАЛОВ Геннадий Михайлович (таваллуд 28. 10. 1940, шаҳри Митищи, вилояти Москва), лётчик-кайҳоннаварди СССР, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Саветӣ (1980, 1084), Аъзои КПСС аз соли 1972. Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии техникии Москва ба номи Бауман (1965) дар бюрои конструкторӣ кор кард ва дар сохтану озмоиши аппаратҳои париши кайҳонии типи нав иштирок намуд.

Аз соли 1972 инҷониб дар отряди кайҳоннавардон. Аз рӯи программаи киштии кайҳонии идорашавандаи «Союз-Т» ва стансияи мадории «Салют» курси пурраи таҳсилро хатм намуд. 27 ноябри 1980 дар киштии кайҳонии «Союз Т-3» ҳамроҳи Л. Д. Кизим ва 0. Г. Макаров ба кайҳон парвоз кард, Дар рафти парвози 13-рӯза кайҳоннавардон ҳолати системаи «Салют-6»-ро санҷиданд ва корҳои таъмиру профилактикиро ба ҷо оварданд. 20. 4. 1983 дар киштии «Союз Т-8» ҳамроҳи В. Титов ва А. Серебров маротибаи дуюм, 3. 4. 1984 дар киштии «Союз Т» ҳамроҳи Ю. В. Малышев ва гражданини Ҳиндустон Ракеш Шарма маротибаи сеюм парвоз кард (бортинженер). Бо се ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …