Маълумоти охирин
Главная / Илм / СТРАТИГРАФИЯ

СТРАТИГРАФИЯ

СТРАТИГРАФИЯ (аз лотинӣ stratum қабат ва …графия), як фасли геолологияи таърихист, ки пайдарҳамии пайдоиши ҷинсҳои куҳӣ ва аввалии робитаҳои мутақобилаи фазоии онҳоро меомӯзад. Барои муқаррар намудани синни таҳнишастҳои омӯхташуда таркиби боқимондаҳои организмҳо, ки аз табақаҳои таҳшинӣ ёфт шуда, аз инкишофи нотакрори олами органикии замин дарак медиҳанд, аҳамияти калон доранд. Аз ҳамин сабаб Стратиграфия бо палеонтология ва геохронология алоқаманд аст. Стратиграфия пайваста ба ташаккули илми геология пайдо шудааст.

stratigrafy

Дар асрҳои миёна ғояҳои стратиграфиро Берунӣ ва Абӯалии Сино баён кардаанд. Дар асри 17 олими даниягӣ Н. Стено, ки қонуни пайдарҳамии қабати ҷинсҳои кӯҳӣ мавсум ба ӯст, баъзе масъалаҳои ташаккули Стратиграфияи илмиро тадқиқ кард. Вале асоси Стратиграфияро дар асри 18 олими немис И. Леман, Г. Фюксел ва олими рус М. В. Ломоносов гузоштанд. Дар бобати тартиб додан ва ихтирои шкалаи умумии стратиграфӣ ҳиссаи геологҳои рус ва советӣ А. П. Карпинокий, Н. И. Андрусов, А. П. Павлов, Д. В. Наливкин, А. Н. Криштофович, В. В. Меннер, олгемони франсавӣ Э. Ог, М. Жинто, немис Й. Валтер, О. Шиндеволф, австриягӣ М. Неймайр, америкоӣ Ч. Уолкотт, Ч. Шухерт на К. Данбар калон аст. Дар миёнаҳои асри 20- махсусан марҳилаҳои қадимтарини инкишофи Замин босуръат омӯхта шуданд.

Қонуни пай дар ҳам хобидани қабатҳо принципи асосии Стратиграфия аст. Мувофиқи он дар сурати дуруст хобидани қабатҳо ҳар як қабати поёнӣ нисбат ба болоӣ қадимтар ҳисоб меёбад. Истиснои ин қонунро дар он мавридҳо дидан мумкин аст, ки дар натиҷаи деформасияҳои тектовикл тарзи хобиши аввалаи қабатҳо вайрон ва онҳо чаппагардон шудаанд.

Вазифаи асосии Стратиграфияи имрӯза муайян кардани пайдарҳамии умумии таҳнишастҳои қишри Замин мебошад. Ин вазифа махсусан барои таҳнишастҳои қадимтарини токембрий муҳим аст.

Стратиграфия асоси тадқиқоти регионалию геологӣ буда, барои фаҳмидани хусусиятҳои тектоникии маҳал, муайян кардани самтҳои ҷустуҷӯ ва инкишофи сарватҳои табиат имкон медиҳад; ин махсусан ба конҳои қабатдор (нефт, ангишт, маъдани оҳан ва манган, фосфорит, боксит, намаксанг ва намаки калий, варақсангҳои сиёҳи урандор ва ғайра) тааллуқ дорад, «ки онҳо ба сатҳи муаияни стратиграфӣ мансубанд. Буриши стратиграфиро муфассал наомӯхта, тартиб додани харитаҳои геологӣ ва гузаронидани ҳар гуна корҳои инженерию геологӣ мумкин нест.

Нигаред низ Геохронология.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …