Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СТРАТИФИКАСИЯИ ИҶТИМОӢ

СТРАТИФИКАСИЯИ ИҶТИМОӢ

stratifikaciai-ijtimoi

СТРАТИФИКАСИЯИ ИҶТИМОӢ, мафҳуми сосиологияи буржуазист, ки бунёни ҷамъият ва табақаҳои ҷудогонаи он, системаи аломатҳои ҷудошавии иҷтимоӣ ва нобаробарии иҷтимоиро ифода мекунад. Консепсияҳои буржуазии Стратификасияи иҷтимоӣ дар асоси дараҷаи маълумот, шароити маишат, машғулият, даромад, психология ва дин барин аломатҳо ҷамъиятро ба синфҳои «олӣ», «миёна», «паст» ва стратҳо (аз 2 то 6) ҷудо мекунанд. Назариётчиёни Стратификасияи иҷтимоӣ даъво мекунанд, ки гӯё нобаробарии иҷтимои дар ҳама гуна ҷамъият ногузир буда, ҷойивазкунии одамон дар системан Стратификасияи иҷтимоӣ мувофиқи қобилият ва саъю кӯшишашон устувории ҷамъиятро таъмин намуда, муборизаи синфиро ба як амри барзиёд табдил медиҳад. Чунин концепцияҳо аслан ба назарияи марксистии синфҳо аз муборизаи синфӣ мухолиф буда, бо мақсади ҳимояи сохти капиталисти бофта шудаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …