Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТРАТЕГИЯИ ҲАРБӢ

СТРАТЕГИЯИ ҲАРБӢ

СТРАТЕГИЯИ ҲАРБӢ, қисми таркибии санъати ҳарбист. Масъалаҳои назария ва амалияи тайёрии қувваҳои ҳарбиро ба ҷанг, барнома ва бурдани ҷангро дар бар гирифта, қонунияти ҷанг, шаклу усулҳои гузаронидани амалиёти стратегиро тадқиқ мекунад. Стратегияи ҳарбӣ инчунин мақсаду вазифаҳои фронтҳо, флот ва армияро муайян намуда, қувваҳоро ба майдонҳои муҳориба ва самтҳои стратегӣ тақсим менамояд. Стратегияи ҳарбӣ ба сиёсати давлат алоқаманд буда, аз талаботи доктринаи ҳарбӣ бармеояд. Сиёсат дар назди Стратегияи ҳарбӣ вазифа мегузораду стратегия онро дар амал татбиқ мегардонад.

voenniy

Стратегияи ҳарбӣ ба сохти иқтисодии ҷамъият, дараҷаи тараққиёти истеҳсолот, илм ва техника вобаста аст. Стратегияи ҳарбии советӣ аз сиёсати Партиян Коммунистӣ ва Давлати Советӣ бармеояд; назариёт ва хулосаҳои он дар заминаи марксизм-ленинизм баррасӣ мешаванд.

Стратегияи ҳарбӣ низ буржуази манфиатҳои синфии империализмро ҳимоя намуда, ба мақсадҳои иртиҷоии тайёри ба ҷанг ва бурдани он, барои пойдории сохти пӯсидаи капиталисти истифода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …