Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СТРАТОСФЕРА

СТРАТОСФЕРА

atmosfera

СТРАТОСФЕРА (аз лотинӣ stratum — қабат ва сфера), як қабати атмосфераро гӯянд, ки болотар аз тропосфера дар баландии аз 8—10 км (дар арзҳои баланд) ва аз 16—18 км (дар назди экватор) то 50—55 км ҷойгир аст. Махсусиятҳои қабати Стратосфера:  ба қадри афзудани баландӣ тағйир ёфтани ҳарорат [аз —40°С (—80оC) то 0оС] суст будани ҳаракати турбуленти ҳаво, хеле кам будани миқдори буғҳои об, назар ба қабатҳои ҳамсоя бештар будани миқдори озон ва ғайра.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …