Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТРАБОН

СТРАБОН

strabon

СТРАБОН (Strabon) (64/63 то мелод. Амасияи Освёи Хурд —23/24 мелодӣ), ҷуғрофидон, муаррихи Юнони Қадим. Ба Осиёи Хурд, Италия ва Миср сафар кардааст. «Қайдҳои таърихӣ» ва «География» аз осори ӯст. «Қайдҳои таърихӣ» боқӣ намондааст. «География» аз 17 китоб иборат буда, доир ба Испания, Галлия, Британия, Италия (китобҳои 3—6), Европаи Шарқӣ ва Шимолӣ, шимоли Балкан, Юнон (7—10), шимолу шарқи назди баҳри Сиёҳ, Осиёи Хурд (11—44), Ҳиндустон, Байналнаҳрайн ва Арабистон (15—17) маълумот медиҳад. Страбон дар бораи таърихи қадими аҷдоди тоҷикон, аз он ҷумла задухӯрдҳои байни Куруш ва массагетҳо, муомилоти пул дар байни масагетҳо, Юнону Бохтар, шӯришҳои халқӣ, вилоятҳои алоҳидаи Осиёи Миёна (хусусан Марғиён) ва ғайра низ хабар медиҳад. «Ҷуғрофия» асари нахустин оид ба географияи таърихӣ буда, манбаи муҳимест.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …