Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТОРИ Чарлз Амброуз

СТОРИ Чарлз Амброуз

СТОРИ Чарлз Амброуз (1888, наздики Дарэм, Англия —24. 4. 1967, Ҳоув, Англия), шарқшиноси англис. Аз оилаи амалдор. Университети Кембриҷро хатм кард (1913). Забонҳон юнонӣ, лотинӣ ва бисёр забонҳои шарқиро омӯхт. Соли 1914 ба Ҳиндустон омада, дар Коллеҷи шарқшиносӣ (алҳол дар ҳайати Университети Олигарҳ мебошад) муаллими забони арабӣ шуд. Соли 1919 ба Англия баргашта, аввал ҷонишин, сонӣ директори китобхонаи Индиа-Оффиси Лондон таъин гардид. Дар Унмверситети Кембриҷ (аз соли 1933 профессор) забони арабиро низ дарс медод. То истеъфо (1947) мудири кафедраи забони арабӣ. Асари асосии Стори «Адабиёти форсӣ» (1927—58) маҳсули меҳнати чилсолаи ӯст. Асар феҳристи аниқу мукаммалест, ки дастнависҳои олимону адибони форс-тоҷикро аз давраҳои қадим то асри 19 дар бар гирифтааст. Китоби якуми феҳрист соли 1927 ва охиринаш соли 1958 аз чоп баромада, аз 6 китоб (адабиёт оид ба Қуръон, таърихи умумӣ, анбиё ва ибтидои ислом; таърихи Эрон ва кишварҳои ҳамҷавори он, таърихи Ҳиндустон, тарҷумаи ҳоли ашхос, математика, астрономия, астрология ва география) иборат аст. Соли 1972 дар се ҷилд ба забони русӣ нашр шуд. Н. Холмуҳаммадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …