Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТЫРИКОВИЧ Михаил Адольфович

СТЫРИКОВИЧ Михаил Адольфович

stirikov-m-a

СТЫРИКОВИЧ Михаил Адольфович (таваллуд 16. 11. 1902, Петёрбург), теплоэнергетик ва теплофизики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1964; аъзокоррспондент 1946), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1972). Соли 1927 Институти технологии Ленинградро хатм намуд. Солҳои 1928— 46 дар Институти титадқиқоти илмӣ ва лоиҳакашию конструктории ба номи И. И. Ползунов (Институти асосии энергомошинсозии СССР, шаҳри Ленинград) кор кард. Солҳои 1939—71 муаллими Институти энергетикаи Москва, 1939—60 ходими Институти энергетакаи Академияи Фанҳои СССР. Аз соли 1961 мудири шӯъбаи лабораторияи ҳароратҳои баланд (аз соли 1962 Институти ҳароратҳои баланди Академияи Фанҳои СССР). Асосан дастгоҳҳои қуввагии гармӣ ва просессҳои корбанди дегҳои бухор, масъалаҳои интиқоли гармиро дар моеъи ҷӯшон (дар фишори баланд) тадқиқ кардааст. Стыркович нормаҳои муҳосибаи гармӣ ва аэродинамикаро дар агрегатҳои деги бухор муайян кард. Бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …