Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИНТЕЗИ ТЕРМОЯДРОИИ ИДОРАПАЗИР

СИНТЕЗИ ТЕРМОЯДРОИИ ИДОРАПАЗИР

СИНТЕЗИ ТЕРМОЯДРОИИ ИДОРАПАЗИР (СТИ), просесси пайвастшавии ду ядрои атомҳои сабукро гӯянд, ки он дар таҳти ҳароратҳои бениҳоят баланд ва дар шароити муайяни идорашаванда ба амал омада, боиси хориҷ гаштани энергияи дохили ядроӣ мегардад. Маълум аст, ки ду ядрои атомӣ дар ҳамон вақт ба ҳамдигар бисёр наздик ё худ пайваст мешаванд, агар энергияи кинетикии онҳо аз эиергияи теладиҳии кулонӣ калон бошад. Ин гуна шартро бештар элементҳон химиявии рақами тартибиашон хурд қонеъ мегардонанд. Дар шароити табиӣ реаксияҳои термоядроӣ дар байни ядроҳои гидроген танҳо дар қаъри ситораҳо, аз ҷумла Офтоб рӯй медиҳанд. Реаксияҳои байни изотопҳои вазнини гидрогон дейтрий (D) ва тритий (Т) бо суръати қиёсан тез ба амал меоянд:

Тритий моддаи радиоактив (давраи нимкоҳишаш —12,5 сол) буда, вайро фақат бо роҳи сунъӣ ҳосил кардан мумкин аст. Пас, барои таъмин кардани кори реактори термоядроии ояндае, ки тритийро истифода мебарад, бояд ҳаҷми кории реакторро бо изотопи сабуки литий иҳота кардан лозим аст, ки то як андоза дар он аз ҳисоби реаксияи  Li +n->T +’He  тритий ҳосил шуда тавонад. Эҳтимоли рӯйдоди реаксияи термоядроӣ баробари зиёд шудани ҳарорат меафзояд. Аз ин рӯ реаксияи синтез дар плазмаи пурра ионизатсияëфтаи баландҳарорате гузаштанаш лозим аст, ки дар он бархӯрди дейтон — дейтонӣ ё худ дейтонтритонӣ дер ё зуд бо синтези ядроҳо анҷом меёбанд.

Тадқиқи амалии Синтези термоядроии идорапазир як қатор мушкилоти физикӣ ва техникиро ба миён овард. Яке аз онҳо масъалаи устувории плазмаи «гарм» аст. Дигар ин ки ба плазма дохил шудани атомҳои бегона (адади атомӣ 1 — ашон калон) — ғашҳо, ки онҳо дар ҳароратҳои муоинашаванда дар ҳолати пурзӯри ионзо мебошанд, боиси афзоиши фаврии интенсивияти спектри яклухт, пайдошавии спектри рах-рах ва аз савияи муқаррарӣ зиёдтар талаф ëфтани энергия мегардад. Барои он, ки дар плазма миқдори ғашҳо аз савияи муқаррарӣ кам бошад, саъю кӯшиши зиëд (бефосила такмилдиҳии таҷҳизоти вакуумӣ; ба сифати диафрагма истифодабарии металлҳои душворгудоз ва пошнахӯранда; барои дошта гирифтани атомҳои бегона истифодабарии таҷҳизоти махсус ва ғайра)-е лозиманд.

Ифлосшавии муҳити атроф зарурати дар миқëси тамоми кураи Замин ба сикли сарбаст гузаронидани истеҳсолоти саноатиро пеш гузошт, ки дар натиҷаи он миқдори партовҳои истеҳсолӣ ҳаддалимкон кам мегардад. Дар миқёси кураи Замин ба реакторҳои атомӣ гузаронидани энергетика боиси зиëд шудани партовҳои радиоактивӣ мегардад. Бино ба маълумоти дастрасбуда лавфи радиоактив ин таҷҳизоти Синтези термоядротт идорапазир (реакторҳои термоядроӣ) нисбат ба реакторҳои атомӣ камтар аст. Аз ин сабаб истифода бурдани энергияи Синтези термоядроии идорапазир пешомадҳои ниҳоят калон дорад.

М. А. Султонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …