Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТЕРН Лоренс

СТЕРН Лоренс

sterne

СТЕРН (sterne) Лоренс (24. 11. 1713, Клонмел, Ирландия —18. 3. 1768, Лондон), нависандаи англис. Бузургтарин намояндаи сентиментализм. Факултети динии Университети Кембриҷро хатм кардааст (1738); рӯҳонӣ.

Стерн дар романи «Аҳволу афкори ҷентелмен Тристрам Шонди» (ҷилди 1—9, 1760—67) ақоиди маорифпарваронpo, ки дарки андешамандонаи ҳаётро иддао доштанд, инкор кардааст. Стерн дар асари нотамоми «Саёҳати сентименталӣ дар Франция ва Италия» (1768) қонуниятҳову тасаввурот ва анъанаҳои адабиётро дар тасвири инсон риоя накардааст; Стерн ба нависандагони франсавӣ Д. Дидро ва немис Жан Пол (1763— 1825) таъсири зиёд дошт; дар Россия А. Н. Радищев, Н. М. Карамзин, В. Ф. Одоевский аз эҷодиёти Стерн баҳра бурдаанд. А. С. Пушкин ва Л. Н. Толстой ба ӯ баҳои баланд додаанд. Таҷрибаҳои эҷодии Стерн дар аввали асри 20 дар адабиёти «ҷараёни шуур» идома ёфтанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …