Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТЕНДАЛ Анри Мари Бейль

СТЕНДАЛ Анри Мари Бейль

stendal

СТЕНДАЛ (stendhal; тахаллус: номаш Анри Мари Бейль) (23. 1. 1783, Гренобл—23. 3. 1842, Париж), нависандаи франсавӣ. Стендал иштирокчии юришҳои Наполеон, шоҳиди муҳорибаи Бородино ва аз Россия фирор кардани лашкари торуморгардидаи Франция буд. Баъди Револютсияи соли 1830 дар Триеста, сипас дар Чивитавеккии наздикии Рим консули Франция буд. Солҳои аввал рисолаҳои танқиди ва публицистӣ, фалсафӣ ва психологи, асарҳо доир ба санъат, кайдҳои сафар менавишт: «Рӯзгори Гайдн, Моцарт ва Метастазио» . (1817), «Таърихи рассомӣ дар Италия», «Рим, Неаполь ва Флоренция» (ҳарду 1817), «Оид ба муҳаббат» (1822), «Рӯзгори Россини» (1824), «Расин ва Шекспир» (1823; варианти дуюмаш 1825). Пас аз тайёрии сисола ба эҷоди асарҳои бадеӣ пардохт. Стендал муаллифи романи «Арманс» (ҷилдҳои 1—3, 1827), новеллаи «Ванива Ванинн» (1829; тарҷумаи тоҷикӣ 1968), романи «Сурх ва сиёҳ (1831; тарҷумаи тоҷикӣ 1982), очерки «Қайдҳои сафар» (1838), Воқеаномаҳои италиявии «Аббатзан аз Кастро» (1839), романи «Цайри Парм» (1839) ва ғайра мебошад. Повестҳои «Ёддоштҳои худпараст» (1832, нашри пуррааш 1928) ва «Рӯзгори Анри Брюлар» (1835, нашраш 1892), романи нотамоми «Люсьен Левен» («Сурх ва сафед», 1834—36, нашри 1929) низ аз таълифоти Стендал мебошанд. Стендал устоди романи иҷтимоию психологӣ буда, ба инкишофи раман дар адабиёти Европа таъсир расонидааст.

Осор: Сурх ва сиёҳ, Душанбе. 1982.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …