Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТЕКЛОВ Владимир Андреевич

СТЕКЛОВ Владимир Андреевич

steklov-vladimir

СТЕКЛОВ Владимир Андреевич (28. 12. 1863, Нижний Новгород, ҳозира Горький—30. 5. 1926, Қрим, дар Ленинград мадфун аст), математики советӣ, профессор университет(1906) ва академики Академияи Фанҳои Петербург (1912; аъзо-коррспондент 1902). Ноиб-президенти Академияи Фанҳои СССР (1919-26).

Соли 1887 Университети Харьковро хатм намуда, дар кафедраи механикаи ҳамин университет кор кард (1889—1906), профессор аз соли 1896. Дар Институти технологии Харьков дарс гуфтааст (1893—1905). Бо ташаббуси Стеклов дар назди Академияи Фанҳои СССР Институти физикаю математика ташкил карда шуд (Стеклов то охири ҳаёташ директори он буд). Соли 1926 ин институт номи Стекловро гирифт. Соли 1934 институти мазкур ба ду интститут ҷудо шуд (яке аз онҳо Институти математикаи Академияи Фанҳои СССР ҳоло ҳам ба номи Стеклов аст).

Асосан оид ба татбиқи усулҳои математикӣ дар ҳалли масъалаҳои табиатшиносӣ ва физикаи математикӣ тадқиқот бурда, назарияи потенциалҳоро инкишоф додааст. Доир ба таҳлили математакӣ, аз ҷумла формулаҳои квадратурӣ, назарияи чандирӣ дар гидромеханика асарҳо таълиф намудааст. Стеклов на танҳо математик, балки файласуф ва нависанда низ буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …