Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кишвари СТАВРОПОЛЬ

Кишвари СТАВРОПОЛЬ

СТАВРОПОЛЬ, кишварест дар ҳайати РСФСР. Масоҳаташ 80,6 ҳазор км2. Аҳолиаш 2682 ҳазор нафар (1964). Киш-ар 34 район, 22 шаҳр ва 17 птш дорад. Ба Ставрополь ВА Қарачаю Черкас дохил мешавад. Марказаш шаҳри Ставрополь. Кишвар бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1958).

stavropol

Ставрополь қисми марказии Кавкази Пеш, қисми ғарбии пастии Наздикаспий ва нишебиҳои шимолии Кавкази Калонро дар бар гирифтааст. Дар ғарб суфаҳои васеи дарёи Кубань воқеъ гаштаанд. Сарватҳои табиӣ:     газ, нефт, мис, маъданҳои полиметаллӣ, ангиштсанг, доломит, мармар, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра. Иқлимаш континентӣ. Зимистонаш дар ҳамворӣ мӯътадил, тобистонаш гарм. Боришоти солона 300—600 мм, дар кӯҳистои—2000 мм. Дарёҳои асосӣ: Кубан бо шохобҳояш (Табарда, Зеленчуки Калон ва Зеленчуки Хурд, Лабаи Калон ва ғайра), Кума, Калаус, Егорлык, Кӯлаш бисёр (Сергиев, Шӯр ва ғайра). Қисми зиёди терреторияи кишвар сиёҳхок ва хоки дорчинӣ дорад. Хоки кӯҳистони кишвар марғзорист. Дар кишвар асосан дарахтони паҳнбарг, булут, момроз, сӯзанбарг ва ғайра мерӯянд. Дар кӯҳҳо мамнӯъгоҳи Табарда ва як қисми мамнӯъгоҳи Кавказ ҷой гирифтаанд.

stavropol1

Дар кишвар асосан русҳо, инчунин украинҳо, арманиҳо, осетинҳо ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд.

Ставрополь ба ноҳияи иқтисодии Кавкази Шимолӣ дохил мешавад. Соҳаҳои саноаташ: хӯрокворӣ (гӯшт, ордкашӣ, равғанкашӣ, консерви меваю сабзавот ва ғайра), сабук (бофандагӣ, пойафзол), мошинсозӣ (мошинҳои хоҷагии қилоқ, арматура барои саноати нефту газ, дасттоҳҳои чӯбгарӣ, аппаратураҳои элекгрикӣ ва ғайра), химия (нуриҳои минералӣ, пластмасса ва ғайра). Дар қисми шарқии Ставрополь нефту газ ва дар кӯҳҳо маъдани металлҳои ранга, ангишт истихроҷ карда мешаванд. Манбаъҳои асосии энергетикиаш—ГРЭС-ҳои Невинномысск ва Ставрополь. Марказҳои саноатиаш: Ставрополь, Невинномысок, Черкесск, Георгиевск, Будённовск ва ғайра. Ставрополь ноҳияи калони хоҷагии қишлоқ мебошад. Гандум, ҷуворимакка, офтобпараст, лаблабуи қанд ва ғайра кишт карда мешавад. Боғу токдорӣ тараққӣ кардааст. Гӯсфанди маҳинпашм, гов, хук ва парранда мепарваранд. Барои обёрии Заминҳо ва обшор гардонидани чарогоҳҳо якчанд канал (Канали Калони Ставрополь, канали Невинномысск ва ғайра) ва як қатор системаҳои обёрӣ сохта шудаанд. Аз кишвари Ставрополь ба Украина, Москва, Ленинград қубурҳои газ бурда шудааст. Курортҳои кишвар: Кисловодск, Пятигорск, Ессентуни, Железноводск ва Табарда.

Тӯли роҳи оҳан 846 км. Роҳҳои оҳани асосӣ: Ростови Дон — Боку, Зелеячук — Ҷегута, Минеральные Воды— Кисловодск, Георгиевск—Будённовск. Дарозии роҳи автомобилгард 11,5 ҳазор км. Кишвар муассисаҳол илмӣ, аз ҷумла Институти тадқиқоти илмии умумииттифоқии люминофорҳо ва моддаҳои ниҳоят тоза, Институти тадқиқоти илмии газҳои табиии Кавкази Шимолӣ, Институти тадқиқоти илмии умумииттифоқии гӯсфандпарварӣ, бузпарварӣ ва ғайра дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …