Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАВИСКИЙ Борис Яковлевич

СТАВИСКИЙ Борис Яковлевич

СТАВИСКИЙ Борис Яковлевич (таваллуд 25. 11. 1926, ноҳияи Бодайбои вилояти Иркутск), бостоншиноси советӣ, муҳаққиқи таърихи маданият ва санъати Осиёи Миёна, доктори илмҳои таърих (1978). Аз оилаи хизматчӣ. Ставийский 1949 факултети таърихи Университети давлатии Ленинградро хатм намудаасг. Аз соли 1968 мудири шӯъбаи Институти марказии тадқиқоти илмии Вазорати маданияти СССР оид ба нигаҳдори ва тармими маснуоти бадеии музейҳо. Аз соли 1946 иштирокчӣ ва роҳбари чандив гурӯҳ ва отрядҳои археологи дар Панҷакент ва болооби Зарафшон, аз соли 1961 сардори экспедицияи муттаҳидаи як қатор муассисаҳои Вазорати маданияти СССР оид ба таҳқиқи маркази азими маданияти асрҳои 2—4мелодӣ дар Қаротеппаи Тирмизи Куҳан мебошад. Ставиский масъалаҳои таърих, археология, маданият ва равобити байналхалқии Осиёи Миёна дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна, таърихи тармим ва ҳифзи ёдгориҳои мамлакатро тадқиқ кардааст. У яке аз муаллифони «Таърихи халқи тоҷик» (1963) мебошад. Ставиский аъзои ҳақиқии Ҷамъияти географии СССР (аз 1959), Комитети советӣ оид ба тадқиқи тамаддуни Осиёи Марказӣ (аз 1967), Ҷамъияти Осиё дар Париж (1975), муҳаррири журнали Ассоциацияи байналхалқии муҳаққиқони буддоия (аз 1978).

Осор: Двадцать пять веков среднеазиатской культуры, Ленинград, 1963; Между Памиром и Каспием (Средняя Азия в древности) Москва, 1966; В стране Роксаны и Тимура. Москва, 1970; Искусство Средней Азии Древний период. VI век до нашей эры— VII нашей эры, Москва, 1974; К югу от Железных ворот (археологические открытия на землях древней Бактрии), Москва, 1977; Кушанская Бактрия (проблемы истории и культуры) Москва, 1977; Diе Кunst! еinеsvегgеssеnеnRеiсhсs (Dеnkmalсudег Кusсhаnzcit Маtеlаnsies), Lеipzig, 1979.

Н. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …