Маълумоти охирин
Главная / Илм / СТАТИСТИКАИ МАТЕМАТИКӢ

СТАТИСТИКАИ МАТЕМАТИКӢ

math-statistika

СТАТИСТИКАИ МАТЕМАТИКӢ, илмест оид ба услубҳои математикии системабандӣ ва истифодаи маълумоти статистӣ барои хулосаҳои илмӣ ва амалӣ. Маълумоти статистӣ гуфта далелҳоеро меноманд, ки онҳо дар бораи адади объектҳои ягон маҷмӯи дорои ин ё он аломат маълумот медиҳанд. Услубе, ки дар асоси он маълумоти статистӣ дар борая ин ё он маҷмуи объектҳо омӯхта мешавад, услуби статистӣ ном дорад. Услуби статистӣ дар соҳаҳои гуногуни илм истифода мешавад. Хосиятҳои умумии услуби статистӣ боиси ҳисоб кардани миқдори объектҳое мегардад, ки ба ин ё он гурӯҳ дохил мешаванд. Муоинаи тақсимоти аломатҳои миқдорӣ, татбиқи услуби интихоб, истифодаи назарияи эҳтимолият бафои хулосабарорӣ кофӣ будани адади мушоҳидаҳо ва ғайра аз ҷиҳатҳои муштараки услуби статистианд. Ана ҳамин ҷиҳати сирф математикии услубҳои статистии тадқиқотро, ки ба сиришти хоси объектҳои тадқиқшаванда вобаста нест, Статистикаи математикӣ меомӯзад.

Нахустин маълумот оид ба Статистикаи математикӣ дар асарҳои Я. Вернулли, П. С. Лаплас, С. Пуассон омадааст. Дар инкишофи минбаъдаи Статистикаи математикӣ П. Л. Чебышев, ва А. А. Марков, математики англис К. Пирсон, математики Штатҳои Муттаҳидаи Америка А. Валд, математикони советӣ С. Н. Бернштейн, В. И. Романовский ва дигарон саҳм доранд.

Статистикаи математикӣ масъалаҳои баплангирии таҷрибаҳоро низ меомӯзад. И. Обидов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …