Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАРИКОВ Алексей Аркадьевич

СТАРИКОВ Алексей Аркадьевич

СТАРИКОВ Алексей Аркадьевич (30. 11. 1892, Москва—1. 3. 1962, ҳамон ҷо), шарқшинос-эроншиноси советӣ. Аз оилаи инженер. Курсҳои махсуси Институти забонҳои Шарқи Лазарев (1915) ва факултети ҳуқуқшиносии Университети Москваро (1916) хатм кардааст. Муаллими Институти шарқшиносии Москва (1938—56), факултети филологияи Университети давлатии Москва (1943—56), Институти забонҳои Шарқ (ҳозира Институти Осиё ва Африкаи Университети давлатии Москва) (1956—62) ва ходими илмии Институти адабиёти ҷаҳонии Академияи Фанҳои СССР (1957-62) буд.

Стариков бо масъалаҳои таърихи шарқшиносии рус, равобити адабӣ, таҳлили маснавиҳои Хусрави Деҳлавӣ ва омӯзишу тафсири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ машғул шудааст. Ҷилдҳои 1 ва 2 тарҷумаи русии «Шоҳнома» (Москва, 1957, 1960, нашри академӣ) бо тавзеҳоти ӯ чоп шудаанд. Стариков якчанд порчаи «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румиро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Осор: К вопросу о традиции эпической «Пятерицы» в литературах восточного средневековья (Низами, Хосрав Дехлеви и их подражатели), дар китоби; Взаимосвязи литератур Востока и Запада, Москва, 1961.     Т. Гольц.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …