Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНДАРТ

СТАНДАРТ

standart1

СТАНДАРТ (англисӣ standard — норма, намуна), дар маънои томаш намуна, қолаб, амсила (модел) аст, ки барои муқоисаи дигар объектҳои ба он монанд ҳамчун андоза истифода мешавад. Стандарт ҳамчун ҳуҷҷати лормативию техникӣ, комплекси нормаю қоидаҳо талаботро нисбат ба объекти стандартонӣ муқаррар менамояд ва онро органҳои салоҳиятдор тасдиқ мекунанд. Стандартро чи ба ашёи моддӣ (маҳсулот, қолаб, намунаҳои ашё) ва чи ба нормаҳо, қоидаҳо ва талаботн гуногун муқаррар кардан мумкин аст. Татбиқи Стандарт ба беҳтар шудани сифати маҳсулот, баланд гардидани дараҷаи унификация, инкишофи автоматонии процеосҳои истеҳсолӣ, афзоиши самаранокии кор ва таъмири маснуот мусоидат мекунад. Дар СССР вобаста ба доираи амал ва дараҷаи тасдиқ Стандартҳои зерин ҳастанд: давлати (ГОСТ), соҳавӣ (ОСГ), республикавӣ (РСТ), корхонаҳо (СТП). Аввалин Стандарти умумииттифоқӣ (ОСТ-1) 7. 5. 1926 қабул шуда буд, дар аввал 1981 зиёда аз 20 ҳазор ГОСТ амал мекард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …