Главная / Техника / МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКӢ

МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКӢ

textnik-service

СТАНСИЯИ ХИЗМАТИ ТЕХНИКӢ корҳонаест барои хизматрасонии тахникӣ ва таъмири ҷории автомобилҳо. Стансияи хизмати техникӣ ду навъ аст: ҳамагонӣ (барои хизматрасонии техникӣ ба автомобилҳои гуногунтамға) ва махсус (барои хизматрасонӣ ба автомобилҳои тамғаҳои муайне). Стансияи хизмати техникии махсусро асосан заводҳои автомобил таъсис мекунанд (масалан, Стансияи хизмати техникии махсуси заводии автомобилсозии Волга (ВАЗ) дар Душанбе). Стансияи хизмати техникии универсалиро дар сари роҳҳои автомобилгард ё дар шаҳрҳои начандон калон (масалан, Стансияи хизмати техникии Конибодом, Регар, Қӯрғонтеппа ва ҒАЙРА), Стансияи хизмати техникии махсусро дар шаҳрҳои калон (масалан, Стансияи хизмати техникии№ 2, № 3, ва № 8 дар Душанбе) месозанд.
Дар СССР Стансияи хизмати техникиро аз рӯи лоиҳаҳои типӣ (барои 6, 11, 16, 25 ва 50 пост) месозанд. Стансияи хизмати техникии барож беш аз 50 пост аз рӯи лоиҳаҳои хосса ба якчалд хатҳоя амалиёти пай дар ҳам ва бо цехҳои махсуси таъмири ҷорӣ (корҳои кафшеркунь, рангубор ва ғайра) сохта мешавад. Ин гуна станцияҳо таъмири асосии баъзе агрегату узвҳои автомобилҳоро низ иҷро карда метавояанд Стансияи хизмати техникии махсуси заводи автомобилсозии Волга (ВАЗ), ки соли 1980 дар Душанбе ба кор сар кард, дорои 50 пост ва 7 участка буда, дар як сол ба 13 ҳазор автомобил хизмат расонда метавонад. Ҳоло дар Тоҷикистон 9 Стансияи хизмати техникии универсаль ва 2 Стансияи хизмати техникии махсус кор мекунад. Дар хориҷа хизматрасонии техникиро асосан станцияҳое ба ӯҳда доранд, ки ба заводҳои автомобилсози мутааллиқанд.
Ҳ. Раҳматов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …