Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ ТЕХНИКҲОИ ҶАВОН

СТАНСИЯИ ТЕХНИКҲОИ ҶАВОН

СТАНСИЯИ ТЕХНИКҲОИ ҶАВОН дар СССР, муассисаи бачагонаи берун аз мактаб — маркази корҳои ташкилӣ ва дастурию методии техникӣ барои мактабиён. Стансияи техникҳои ҷавон ба вазорати маорифи халқ дохил буда, таҳти роҳбарии маорифи халқ ва комсомол кор мебарац. Аввалин Стансияи техникҳои ҷавон соли 1926 дар Москва кушода шуд. Охири солҳои 20 дар бисёр шаҳрҳо стансияҳол техникҳои ҷавон таъсис ёфтанд. Стансияи техникҳои ҷавони марказӣ (республикаҳои иттифоқӣ), республикавӣ (республикаҳои автономӣ), кишварӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ғайра мешаванд.

stanciai-texnikho

Дар Тоҷикистон нахустин Стансияи техникҳои ҷавон соли 1932 (шаҳри Сталинобод) ташкил ёфта, ҳоло (1965) шумораашон ба 8 расидааст. Соли 1985 дар Стансияи марказии техникҳои ҷавон барои 640 нафар мактабиён дар 42 кружок машғулият гузаронда мешуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …