Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ВОЛХОВ

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ВОЛХОВ

volhov

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ВОЛХОВ ба номиВ. И. Ленин, аввалии истгоҳи барқии ноҳиявии СССР, ки мувофиқи плани ГОЭЛРО дар дарёи Волхов сохта шудааст. Сохтмони станция соли 1918 бо ташаббуси В. И. Ленин оғоз ёфта, декабри 1926 ба истифода дода шуд. Иқтидори аввалаи Стансияи электрикии Волхов  58 МВт (ҳоло 66 МВт) буд. Дар ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷҳизоти ГЭС-и Волхов ба ақибгоҳ кӯчонда шуд. С. 1942 Стансияи электрикии Волхов қисман барқарор карда шуд ва ба воситаи кабели зериобие, ки дар қаъри кӯли Ладога гузошта шуда буд, Ленинградро солҳои муҳосира бо энергияи электр таъмин вамуд. Октябри 1944 Стансияи электрикии Волхов пурра барқарор карда шуд.

Бо орденҳои Ленин (1976) ва Байрақи Сурхи Меҳнат (1966) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …