Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ГИДРОАККУМУЛЯЦИОНӢ

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ГИДРОАККУМУЛЯЦИОНӢ

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ГИДРОАККУМУЛЯЦИОНӢ, истгоҳи барқии гидроаккумуляционии насосӣ, истгоҳи барқии обист, ки энергияи электрии дигар станцияҳои электриро ба энергияи потенциалии об табдил дода, дар мавриди зарурӣ (масалан, дар аснои ба ҳадди меҳин расидани истеъмоли анергия) энергияи ғуншударо тавассути табдили баръакс ба системаи энергетикӣ медиҳад. Иншооти гидротехнлкии Стансияи электрии гидроаккумулясионӣ (расм) аз ду ҳавзаи об (савияҳояшон гуногун) ва ғулбаҳои пайвандӣ иборат мебошад. Стансияи электрии гидроаккумулясионӣ гидроагрегатҳои ду ё семошинӣ мешавад. Дар мавриди якум ба як навард мошини электрӣ (муҳаррик-генератор), гидротурбина ва насос, дар мавриди дуюм ба як навард мошини электрӣ (дар ин ҳол гидромошин хизмати ҳам насос ва ҳам турбинаро адо мекунад) ва гидромошин шинонда мешавад. Энергияи зиёдатии системаи энергетикӣ (масалан, шабона) дар Стансияи электрии гидроаккумулясионӣ барои ба ҳавзаи боло (бо ёрии насосҳо) кашидани оби ҳавзаи поён истифода мешавад. Дар ҳавзаи боло энергияи об захира карда мешавад. Ҳангоми ба ҳадди меҳин расидани истеъмоли энергия оби ҳавзаи боло бо ғулбаҳо ба гидроагрегатҳои Стансияи электрии гидроаккумулясионӣ фиристода мешавад. Энергияи ҳосилшударо ба системаи энергетикӣ ҳамроҳ кардан мумкин аст. К. а. м.-и станцияҳо амалан аз 0,66 беш нест. Аввалин Стансияи электрии гидроаккумулясионӣ (иқтидораш 225 ҳазор кВт) дар назди ГЭС-и Киев сохта шуд.

Р. Икромов, С. Расулое.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …