Маълумоти охирин
Главная / Техника / СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ДИЗЕЛӢ

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ДИЗЕЛӢ

dizel

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ДИЗЕЛӢ, дастгоҳи энергетикиест, ки аз як ё якчанд генератори ҷараёни электрии дорои муҳаррики дизелӣ (нигаред Дизел) иборат аст. Стансияи электрии дизелӣ собит ва сайёр мешавад. Дар Стансияи электрии дизелии собит дизелҳои чортакта (баъзан дутакта)-и иқтидорашон 110, 220, 330, 440 ва 735 кВт-ро мегузоранд. Стансияи электрии дизелии сайёр дар хоҷагии қишлоқ, саноати ҷангал, экспедицияҳои геологӣ ва нақлиёт (дизел-электровоз, дизел-электтроход ва ғайра) истифода мешавад. Соли  1926 дар Душанбе аввалин Стансияи электрии дизелии иқтидораш 78 кВт сохта шуда буд.

Р. Икромов, С. Расулов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …