Маълумоти охирин
Главная / Биология / СТАНСИЯИ БИОЛОГИИ ПОМИР

СТАНСИЯИ БИОЛОГИИ ПОМИР

СТАНСИЯИ БИОЛОГИИ ПОМИР, муассисаи илмист, ки доир ба захираи сарватҳои биологии Помир тадқиқоти геоботаникӣ, экологӣ, зоологӣ, селекционӣ, генетикӣ ва физиолюгию биохимиявӣ мебарад. Соли 1938 дар заминаи стациоиари Экспедицияи биологию хоҷагии қишлоқи Университети давлатии Осиёи Миёна таъсис ёфт. Омӯзиши қобилияти ба хушкию хунукӣ тобоварии растаниҳо, рушд, фотосинтез, нафаскашӣ, мизони об ва ба шароити баландкӯҳ мутобиқшавии онҳо ва ғайра масъалаҳои асосии тадқиқоти Стансияи биологии Помир мебошад. Ходимони Стансияи биологии Помир харитаи растаниҳои 2,8 млн га чарогоҳи Помир ва таснифоти набототи кӯҳу баландкӯҳҳои СССР-ро тартиб доданд. Дар қитъаҳои таҷрибавии станция аз коллек, цияи Институти умумииттифоқии растанипарварии ба номи Н. И. Вавилов доир ба бисёр намунаи растаниҳои гуногун (масалан, ҷав—1400, ҷавдор — 350, сулӣ —50, арзан —20, ҷуворимакка —100, зироати хӯроки чорво —2000 ва ғайра) таҷриба гузаронида, якчанд навъҳои нави ин растаниҳо (масалан, навъҳои ҷави «Помир-1», «Помир-2», «Помир-3»)-ро рӯёниданд. Стансияи биологии Помир аз соли 1969 пункти такягоҳи Институти биологии Помири Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон аст.            О. А. Ҳақназаров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …