Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ПАХТАЮ ЮНУЧҚА

СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ПАХТАЮ ЮНУЧҚА

СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ПАХТАЮ ЮНУЧҚА-и дар Вахш будаи Институти Умумииттифоқии тадқиқоти илмии пахтакорӣ (Союз НИХИ), муассисаи тадқиқоти илмист, ки ба тадқиқу парвариши навъҳои юнучқа ва пахта машғул аст. Стансияи таҷрибавии пахтаю юнучқа соли 1930 бо қарори Совети Комиссариати Халқӣ таъсис ёфтааст.
Стансияи таҷрибавии зироатии субтропикии Вахш барои рӯёндани навъҳои пахтаи маҳиннах ва тадқиқу таҳияи технологияи парвариши онҳо таъсис шудааст. Соли 1935 Стансияи таҷрибавии зироатии субтропикии Вахш аввалин навън тезрас ва серҳосили пахтаи маҳиннахро (№ 23, ки то солҳои 1945—46 мекоштанд) ба вуҷуд оварда, ба шароити маҳал мутобиқ кард. Кишти фаровони ин навъ имкон дод, ки ҳосилнокии пахтаи маҳиннах аз ҳар га ба 10—12 ц (пеш аз ҳар га-и навъҳои селекцияи хориҷӣ 3—6 ц ҳосил мегирифтанд) расонида шавад. Дар солҳои баъдиҷангӣ Стансияи таҷрибавии зироатии субтропикии Вахш кишти навъҳои дигари пахтаи маҳиннах — 504-В (1949), 5010-В ва 5230-В (1950)-ро ҷорӣ кард. Стансияи таҷрибавии зироатии субтропикии Вахш дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироати обӣ саҳми арзанда гузошт: технологияи пешқадами парвариши пахта, нақшаи киштгардони пахтаю юнучқа ва роҳҳои интенсивонии онҳо, системаи истифодаи нуриҳои минералӣ, сидерацияи хок, меъёр ва усулҳои обмонии пахта, ба киштзор андохтани гербицидҳо, истифодаи дефолиантҳо ва ғайраро тадқиқу таҳия намуд. Дар кори таъсиси Стансияи таҷрибавии зироатии субтропикии Вахш, инкишофу тадқиқи зироат (пахта, юнучқа ва ғайра) В. П. Красичков, У. Т. Тященко, Н. С. Паришкура, А. А. Малцев (аввалин директори С.) саҳм гузоштаанд.
Станция соли 1956 ба Филиали дар Вахш будаи ба номи В. П. Красичкови Институти тадқиқоти илмии зироати Тоҷикистои табдид ёфт.
В. П. Литвинов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …