Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СТАЛИН Иосиф Виссарионович

СТАЛИН Иосиф Виссарионович

stalin

СТАЛИН (фамилия Ҷугашвили) Иосиф Виссарионович (21. 12. 1879, шаҳри Гори, ҳозира Ресспубликаи Совети Сотсиалистии  Гурҷистон—5. 3.1953, Москва), яке аз арбобони Партияи Коммунистӣ, Давлати Советӣ, ҳаракати коммунистӣ ва коргарии байналхалқӣ, назариётчӣ ва тарғиботчии марксизм-лешинизм. Аз оилаи мӯзадӯз. Соли 1894 Омӯзишгоҳи динии Гориро хатм намуда, ба семинарияи православии Тбилиси дохил шуд. Дар зери таъсири марксистони рус, ки дар Закавказия зиндагӣ мекарданд, ба ҳаракати революционӣ ҳамроҳ шуд. Бакили Конференцияи 1-уми РСДРП дар Таммерфорс (1905), съездҳои 4 ва 5-уми РСДРП (1906, 1907).

Дар давраи фаъолияти пинҳонии революциониаш борҳо ҳабс ва бадарға шудааст. Январи 1912 дар маҷлиси Комитети Марказии РСДРП ба ҳайати Комитети Марказии ғоибона кооптация ва ба Бюрои Комитети Марказии РСДРП оид ба Россия дохил карда шуд Солҳои 1912—13 дар Петербург кор карда, бо гуруҳҳои «Звезда» ва «Правда» фаъолона ҳамкорӣ менамуд. Иштирокчии Маҷлиси машваратии Комитети Марказии РСДРП бо коркунони партиявӣ дар Краково (1912). Феврали 1913 Сталин боз ҳабс ва ба кишвари Турухон бадарға шуд.

Баъди сарнагун шудани ҳокимияти мутлақа 25 марти 1917 Сталин ба Петроград баргашт ва дар Конференцияи 7-уми (апрелии) умумироссиягии РСДРП(б) аъзои Комитети Марказӣ интихоб гардид (аз ҳамон вақт сар карда то Съезди 19-уми партия аъзои Комитети Марказӣ буд). Мувофиқи супорипш Комитети Марказӣ дар Съезди 6-уми РСДРП(б) бо ҳисоботи сиёсии Комитети Марказӣ ва маърӯза дар бораи вазъияти сиёсӣ баромад кард.

Сталин ҳамчун аъзои Комитети Марказӣ дар тайёр кардан ва ба амал баровардани Револютсияи Октябрь фаъолона иштирок намуд: дар ҳайати Бюрои Сиёсии Комитети Марказӣ, Маркази ҳарбию революционӣ — органи партиявӣ оид ба роҳбарии шӯриши мусаллаҳ ва ҳайати Комитети ҳарбии революционии (КҲР) Петроград буд. Дар Съезди 2-юми Умумироссиягии Советҳо (8 нояббри 1917) ба ҳайати аввалин Ҳукумаги Советӣ дар вазифаи комиссари халқӣ оид ба корҳои миллатҳо (1917—22) интихоб гардид; дар баробари ин ба Комиссариати халқии назорати давлатӣ роҳбарӣ мекард (1919—22), ки он соли 1920 ба Комиссариати халқии Инспекцияи коргару деҳқон (ИКД) табдил ёфт.

Дар давраи Ҷанги граждани ва интервенцияи ҳарбии хориҷӣ (1918 —20) Сталин як қатор супоришҳои масъули Комитети Марказии РКП(б) ва Ҳукумати Советиро иҷро мекард.

Баъди ба охир расидани Ҷанги гражданӣ Сталин дар муборизаи партия дар роқи барқарор кардани хоҷагии халқ, амалӣ гардонидани сиёсати нави иқтисодӣ, мустаҳкам намудани иттифоқи синфи коргару деҳқон фаъолона иштирок кард. Дар вақти мубоҳиса дар бораи итгифоқҳои касаба, ки бо ташаббуси Троцкий сар зада буд, платформаи лениниро дар бораи роли иттифоқҳои касаба дар сохтмони социалистӣ тарафдори намуд. Дар Съезди 10-уми РКП(б) (1921) оид ба «Вазифаҳои навбатии партия дар масъалаи миллӣ» маърӯза кард. Апрели 1922 Пленуми Комитети Марказии Сталинро Котиби генералии Комитети Марказӣ интихоб намуд ва ӯ дар ин вазифа беш аз 30 сол кор кард.

Сталин ба сифати яке аз коркунони роҳбарикунандаи соҳаи сохтмони миллию давлатӣ дар ташкили Иттифоқи Республикаҳои Советии Социалистӣ иштирок намуд.

stalin1

Сталин  баъди вафоти В. И. Ленин дар муайян кардан ва ба амал татбиқ намудани сиёсати КПСС, планҳои сохтмони хоҷагӣ ва маданӣ, мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии мамлакат ва амалӣ гардондани роҳи сиёсати берунии партия ва Давлати Совети фаъолона иштирок кард. Сталин бо ҳамроҳии дигар ходимони роҳбарикуяандаи партиябар зидди душмапони ленинизм муборизаи оштинопазир бурд, дар торумори гоявию сиёсии троцкизм ва оппортунизми рост, дар муҳофизати таълимоти Ленин, дар бораи имконпазирии ғалабаи социализм дар СССР, дар мустаҳкам намудани ягонагии партия роли намоён бозид.

Дар шароити пеш омадани хатари ҷаиг ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Сталин дар фаъолияти серсоҳаи партия оид ба мустаҳкам гардопдани иқтидори мудофиавии СССР ва ташкили торумори Германияи фашистӣ ва Японияи милитаристӣ мавқеи роҳбарикунандаро ишғол мекард.

6 маи 1941 Раиси СКХ СССР (аз соли 1946— Раиси Совети Вазирони СССР), 30 июаи 1941 раиси Комитети давлатии мудофиа, 19 июл комиссари халқии мудофиаи СССР, 8 август Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР таъин гардид. Ҳамчун сардори Давлати Советӣ дар конференцияҳои роҳбарони се давлат — СССР, ШМА ва Британияи Кабир дар Теҳрон (1943), Қрим (1945) ва Потодам (1945) иштирок кард.

Дар фаъолияти Сталин дар баробари ҷиҳатҳои мусбат баъзе хатоиҳо низ ҷой доштанд. Агар дар солҳои аввали бо В. И. Ленин кор карданаш ба эродҳои танқидӣ диққату эътибор дода бошад, вале баъдтар аз принципҳои ленинии роҳбарии коллективона ва дормаҳои ҳаёти партиявӣ дур шудан гирифт, ба хизматҳои худ дар муваффақиятҳои партия ва халқ аз будаш зиёд баҳо медодаги шуд. Оҳиста-оҳиста парастиши шахсияти Сталин ба вуҷуд омад, ки он ба дағалона вайрон кардани қонунияти социалистӣ сабаб шуд, ба фаъолияти партия, кори сохтмони коммунистӣ зарар расонд.

Сталин аъзои Бюрои Сиёсии Комитети Марказии ВКП(б) (1919—52), аъзои Президиуми Комитети Марказии КПСС (1952—53), аъзои Комиҷроияи Интернационали Коммунистӣ (1925 —43), аъзои Комиҷроияи Интернационали Коммунистии Умумироссия (аз соли 1917), аъзои Комиҷроияи Интернационали Коммунистии СССР (аз соли 1922), депутати Совети Олии СССР (даъватҳоя 1—3) буд. Сталин бо унвонҳон Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1939), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945), Маршали Иттифоқи Советӣ (1943), унвони олии ҳарбӣ — Генералиссимуси Иттифоқи (советӣ (1945) сарфароз ва бо 3 ордени Ленин, 2 ордени «Ғалаба», 3 ордени Байрақи Сурх, орденя Суворов (дараҷаи 1) ва медалҳо мукофотонида шудааст. Дар Майдони Сурх дафн шудааст.

Осор: Асарҳо, ҷилди 1—12, Сталинобод, 1948— 55

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …