Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СРИНАГАР

Шаҳри СРИНАГАР

СРИНАГАР, шаҳрест дар шимолу ғарбии Ҳиндустон. Дар водии Кашмир, дар соҳили дарёи Ҷелам воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии штати Ҷамму ва Кашмир. Аҳолиаш 404 ҳазор нафар (1971). Сринагар узели муҳими нақлиёт ва маркази «калони шоҳибофист. Ҳунармандӣ (қолинбофӣ, мисгарӣ, кандакорӣ, истеҳсоли рӯймолҳои кашмирӣ ва ғайра) ривоҷ ёфтааст. Корхонахои саноати хӯрокворӣ низ дорад. Сринагар асри 16 бунёд ёфтааст.

srinagar

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …