Маълумоти охирин
Главная / Биология / СПОРОВИКҲО

СПОРОВИКҲО

sporovik

СПОРОВИКҲО (Sporozoa), як синфи ҷонварони паразитро гуянд, ки ба соддатаринҳо мансубанд. Қариб 2000 намудашон маълум аст. Бо роҳи ҷинси ва ғайриҷинсн афзоиш мекунанд. Дар процесси инкишоф Споровикҳо марҳилаҳои зерини ҳаётро аз сар мегузаронанд: шизогония (афзоиши ғайриҷинсӣ, ки ҳангоми он ядрои фарди модарӣ ё шизогон босуръат ва паи ҳам тақсим мешавад), гамогония (ҳосил шудани гамета ва бордоршавӣ) ва спорогония (аз зигота ҳосил шудани спора ва спорозоитҳо). Споровикҳо дар ҳуҷайра, бофта ё ковокиҳои бадани ҷояварону одам паразитӣ мекунавд. Баъзе Споровикҳо (масалан, аксари кокцидияҳо) фақат як соҳиб доранд ва онҳо бо ёрии ооцистае, ки ҷилди муҳофиз дорад, паҳнмешаванд; дигарашон бошанд (масалан, плазмодия) ду соҳиб доранд ва дар якеаш бо роҳи ғайриҷинсию дар дигараш бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунанд. Дар чунин маврид Споровикҳои даразит аз як соҳиб ба дигараш дар натиҷаи газидан (масалан, одамро газидани пашшаи вараҷа) ва ё хӯрдан (масалан, канаро хӯрдани калтакалос) мегузарад. Дар Тоҷикистон чанд намуди дар бузу гӯсфанд, харгӯш ва паррандаҳо паразитикунандаи Споровикҳо (аз ҷинси эймерия — Еппепа) муайян карда шудаанд.       У. Ҷ. Ҷалилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …