Маълумоти охирин
Главная / Биология / СПОРОТРИХОЗ

СПОРОТРИХОЗ

sporotrixoz

СПОРОТРИХОЗ, бемории музмини одам ва ҳайвонот, ки ба гурӯҳи микозҳо мансуб буда, занбӯруғҳои ҷинси Sporotrichium ба вуҷуд меоранд. Ҳангоми Споротрихоз пӯст, насҷи зери пӯст, баъзан пардаҳои луобӣ ва узвҳои дохилии одам зарар мебинанд. Барангезандаҳои Споротрихоз дар растанӣ (бутта, сабза, хошок ва ғайра), хок, чанг ва хӯрокворӣ паҳн шудаанд. Занбуруғ асосан тавассути ҷойҳои зарардидаи пӯст, роҳҳои нафас ва меъдаю рӯда вориди организм мегардад. Сироят дар организм бо ҷараёни хун ва лимфа паҳн мешавад. Ҳангоми Споротрихоз дар даст гиреҳҳои бедарди сершумор пайдо мешаванд. Дар натнҷаи осеб ёфтани узвҳои дохилӣ беморӣ мисли уфунат мегузарад. Споротрихозро бо усули бактериоскопӣ, гистологӣ ва ғайра ташхис мекунанд.

Муолиҷа: истифодаи иодиди калий ё натрий, антибиотикҳо.

Пешгирӣ: баъди ҷароҳат сари вақт ва пурра покиза намудани он.

Ба организми ҳайвонот барангезандаи Споротрихоз аз ҷойҳои зарардидаи пӯст дохил мешавад. Асосан асп, саг ва гурба гирифтор мешаванд. Муолиҷа: давоҳои сулфаниламидӣ ва иодӣ.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …