Маълумоти охирин
Главная / Биология / СПОНДИЛОЛИСТЕЗ

СПОНДИЛОЛИСТЕЗ

spondilolistez

СПОНДИЛОЛИСТЕЗ (аз юнонӣ spondulos- — сутунмӯҳра ва olisthesis — лағжидан), бемории сутунмӯҳраи одам, ки дар натиҷаи спондилолиз (нуқсони қисми мобайнии мӯҳраҳо) ё тағйироти дегенеративии тағояки гирдаи байни мӯҳраҳо пайдо мешавад. Ҳангоми Спондилолистез мӯҳраҳо ба пеш мелағжанд (беҷо мешаванд). Беморӣ асосан дар натиҷаи беҷо шудани мӯҳраи 5-и миёна ба амал меояд. Спондилолистез ба оҳистагӣ (дар давоми якчанд сол) ё якбора (ҳангоми ҷароҳат) инкишоф меёбад. Барои ташхиси Спондилолистез тадқиқоти рентгенологӣ муфиданд.

Муолиҷа: режими махсуси меҳнат, гимнастикаи шифои; ҳангоми аз ҳад зиёд беҷо шудани мӯҳра — ҷарроҳӣ.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …