Главная / Биология / СПОНДИЛОАРТРИТ

СПОНДИЛОАРТРИТ

СПОНДИЛОАРТРИТ (аз юнонӣ spondulos — мӯҳра ва аrtrhon — банд, буғум), газаки банду бeғуми байни мӯҳраҳоро гӯянд. Спондилоартрит бештар боди полиартрити сироятӣ, баъзан чун оқибати бруцеллёз, дизентерия ва як қатор бемориҳои дигар пайдо мешавад. Ҳангоми Спондилоартрит аксар мӯҳраҳои миён, гардан, сина иллат меёбанд. Беморӣ ногаҳон ва баъзан ноаён сар мезанад. Дар ин маврид сутунмӯҳра дард мекунад; ҳангоми ҳаракат кардан дард сахттар мешавад.

spondilit

Спондилоартрит чандин намуд дорад. Яке аз онҳо Спондилоартрити анкилозовар (чангаккунанда) ё дарди Штрюмпел — Бехтерев — Мари аст, ки бемории системавии музмин буда, аксар боиси аз ҳаракат мондани сутунмӯҳра мегардад. Ба бемори одатан мардони 20—40 сола гирифтор мешаванд. Беморӣ аз илтиҳоби банду буғуми сутунмӯҳра, рагу пай ва мушакҳои атрофи он оғоз ёфта, дар давоми чанд сол муттасил инкишоф меёбад ва гоҳ-гоҳ авҷ мегирад. Банду буғумҳои байни мӯҳраҳо оҳиста-оҳиста сахт мешаванд. Ба нешу паҳлу хаму рост шуданн бемор душвор мегардад, атрофияи (коҳидани) мушакҳои тахтапушт ба вуҷуд меояд. Бемор сарашро бардошта наметавонад; ба паҳлу бо тамоми бадан тоб хӯрда нигоҳ мекунад.

Муолиҷа:         истеъмоли антибиотикҳо, доруҳои зиддигазакӣ: бутадион, реопирин, салицилат, кортикостероидҳо; физиотерапия, табобат дар курорту санаторияҳо.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …