Маълумоти охирин
Главная / Илм / СПИРТИ ЭТИЛ

СПИРТИ ЭТИЛ

СПИРТИ ЭТИЛ. этанол, спирти шароб. С2Н5ОН; моеъи берангест, ки бӯи хос дорад; t гуд—114,1500, t ҷӯш. 78,390C, зичиаш 794 кг/м3 бо об, эфир, ацетон ва дигар ҳалкунандаҳои органикӣ омехта мешавад; бо осонӣ аланга мегирад (ҳарорати афрӯзишаш 140С) ; бо ҳаво (3,28 —18,95%) омехтаи тарканда ҳосил мекунад. Ҳамаи хосиятҳои химиявии Спирти этил ба спиртҳои якатома шабоҳат дорад. Аз ҷиҳати истеҳсол Спирти этил дар байни маҳсулоти органикӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Алҳол Спирти этилро асосан бо роҳи гидратацияи этилен ҳосил мекунанд: СН2 = СН2 + Н20 С2Н2ОН Спирти этил ҳамчун ҳалкунанда (дар саноати рангубор, фармацевтӣ ва парфюмерию косметикӣ, дар истеҳсоли моддаҳои тарканда, кино ва фотоплёнкаҳо) ва ашёи хом (барои истеҳсоли бисёр маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла бутадиен, этилацетат, тайёр намудани маҳсулоти нӯшокӣ ва ғайра) истифода мешавад.

spirt1

Спирти этил моддаи наркозӣ буда, миқдорӣ зиёди он функцияи асаби марказиро суст мекунад. Дар тиб Спирти этилро асосан чун моддаи антисептикӣ ва воситаи мутаассиршавӣ барои молидан, компресс кардан, инчунин барои тайёр намудани экстракт ва ғайра кор мефармоянд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …