Маълумоти охирин
Главная / Илм / СПИРТ

СПИРТ

spirt

СПИРТ, пайвасти органикиеро гӯянд, ки дар атоми карбони сери молекулааш як ё якчанд гурӯҳи гидроксил (ОН) мавҷуд аст. Пайвастҳое, ки гурӯҳи ОН-ашон дар ҳалқаи ароматӣ воқеъ аст, фенолҳо ва пайвастҳое, ки гурӯҳи ОН-ашон дар банди дучандаи карбон — карбон воқеъ аст, енолҳо номида мешаванд.

Вобаста ба характери радикали карбогидридҳо Спирт якчанд хел мешавад: ацикли ё алифатӣ (масалан, спирти втил, спирти метил, спирти аллил ва ғайра), алициклӣ (циклогексанол), гетероциклӣ ва ғайра. Аз рӯи шумораи гурӯҳи ОН Спиртҳоро ба якатома (алкоголҳо, масалан, спирти метил), дуатома (гликолҳо, масалан этиленгликол), сеатома (масалан, глицерин), чоратома ва ғайра ҷудо мекунанд. Гурӯҳи ОН-и Спирт метавонад бо атоми карбони якумин (—СНаОН), дуюмин ( СНОН) ва се- юмин (— С — ОН) пайваст бошад.

Аз рӯи ин аломат Спиртҳоро ба якумин, дуюмин ва сеюмии тақсим мекунанд. Номи Спирт одатан аз номи радикали карбогидрид бармеояд. Масалан, спирти метил (СН3 — ОН), спирти этил (С2Н5—ОН). Мувофиқи номенклатураи байналҳалқӣ ба номи карбогидриди дахлдор суффикси «ол» (ё диол, триол) ҳамроҳ карда, номери атоми карбонеро, ки ОН ба он пайваст шудааст, бо рақам нишон медиҳанд. Масалан, СНз—СН (ОН) —СН3 (пропанол-2), НОСН2—СН2—СН2ОН (пропандиол—1,3). Баъзе Спиртҳо номҳои травиалӣ доранд. Масалан, спирти этил — спирти шароб, спирти метил —спирти чӯб. Баъзе василаҳои доруӣ, ки ба класси Спиртҳо мансуб нестанд, низ Спирт номида мешаванд. Масалан, Спирти бор, камфора, салицил, навшодир маҳлулҳои обии кислотаи борат, камфора, кислотаи салицилат ва аммиак мебошанд.

Спиртҳоро дар саноат бо роҳи гидролизи алкилгалогенидҳо ҳосил мекунанд (масалан, спирти амил, спирти бензил ва ғайра). Гидролизи эфирҳои мураккаби кислотаи сулфат (алкилсулфатҳо) ва Спиртҳо яке аз зинаҳои муҳими усули саноатии аз олефинҳо ҳосил кардаяи Спирт мебошад.

Дар лабораторияи синтези органикии Институти химия ва кафедраи химияи Институти тиббии Тоҷикистон оид ба Спирти қатори ацетиленӣ, диацетиленӣ ва табаддулоти онҳо мунтазам тадқиқот мебаранд. Спиртҳо яке азгурӯҳҳои муҳими пайвастҳои органикӣ мебошанд. Онҳо дар истеҳсоли рангубор, нахҳои синтезӣ, пластмассаҳо, баъзе доруҳо, моддаҳои ҷаббанда ва тарканда, пластификаторҳо ва ғайра чун ашёи хом, дар соҳаҳои гуногуни саноат ба сифати ҳалкунанда ва агентҳои алкилонанда истифода мешаванд.

Адабиёт: Несмеянов А. Н. Несмеянов Н. А. Начала органической тимии. том 1—2, Москва. 1969—70.

М. Самиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …