Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СПИРИН Александр Сергеевич

СПИРИН Александр Сергеевич

spirin

СПИРИН Александр Сергеевич (4. 9. 1931, посёлкаи ба номи Калинин, ҳозира шаҳри Калинингради вилояти Москва), биохимики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1970; аъзокоррспондент 1966). Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1954). Аз соли 1962 мудири лабораторияи Институт биохимияи ба номи А. Н. Бах Академияи Фанҳои СССР. Аз 1964 профессор ва аз соли 1973 мудири кафедраи биохимияи растаниҳои Университети давлатии Москва. Соли 1967 Институти сафедаи Акадеияи Фанҳои СССР-ро (дар шаҳри Пущинои вилояти Москва) ташкил ва роҳбарӣ намуд. Асарҳои асосии ӯ ба биохимияи кислотаҳои нуклеат ва биосинтези сафедаҳо оиданд. Соли 1957 якҷоя бо Белозёрский таркиби кислотаҳои дезоксирибонуклеат (КДН) ва рибонуклеат (КРН)-ро дар бактерияҳо мунтазам омӯхта, мавҷуд будани КРН-и ахбориро пешгӯӣ кард. Спирин якҷоя бо Л. П. Гаврилова имконияти берун аз ҳуҷайра дар рибосомаҳои структурии модификациятауда синтез шудани сафедаро дар таҷриба собит кард. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1976). Бо ордени Ленин ва медали ба номи Ханс Крепс сарфароз гардидааст. Доктори фахрии Университети Гренада (1972). Аъзои Академияи табиатшиносии «Леополдина»-и Германия (1974).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …